Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бадеҳист, ки аз рўи ин миқдор имкон надорад хусусиятҳои сабки ин давра ба дурустӣ муайян гардад, хоса ки аз бархе шуаро танҳо як ё ду байт ба ёдгор монда ва он ҳам машкук аст. Чун нақди муфассал дар бораи шеъри ин давра ба иллати норасоии аснод муяссар нест, бо зикри чанд хулоса роҷеъ ба услуби нигориши адибони давраи Тоҳириён ва Саффориён иктифо мекунем.

  1. Ашъори ин давра рангу бўе аз қасидаҳои арабӣ дорад ва ҷои шак нест, ки шоирони форсигў аз қасидасароёни араб илҳом гирифтаанд. Бино бар маълумоти «Таърихи Сиистон»
    аввалин шеъри форсиро Муҳаммад ибни Васифи Сагзӣ дар шакли қасидаи дарозе гуфтааст, ки аз он 6 байт дар китоби мазкур ёд шудааст ва гўё сабаби сохта шудани ин қасида ба арабӣ балад набудани шоҳ ва ашъори форсӣ хостани ў будааст.
    Гумон меравад, сухан дар бораи қасидаест, ки матлааш ин аст:
    Эй амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом Бандаву чокару мавлоеву сагбанду ғулом.
  2. Нуфузи шеъри арабӣ дар истеъмоли луғатҳо ва таркибҳои шеъри ин давра низ ба мушоҳида мерасад. Дар ашъори боқимондаи ин давра вожаҳои арабии интисоб, иқтибос, эҳтирос, баҳд, завол, ҳарам, фано, лоҷарам, раъс, занаб, наҳваст, наҳос, мустағриқ, рақиб, мўътақид ва ғайра ба назар меоянд, ки далел бар нуфузу таъсири забони арабист. Аммо ин ҷо он нукта низ афзуданист, ки дар ашъори баъзе шоирони ин давра, масалан, Абўсулайс, луғати арабӣ умуман ба кор нарафтааст.
  3. Дар шеъри ин давра таъсири Қуръони карим низ ҳувайдост. Чунончи, дар чанд байти парокандаи Васифи Сагзӣ се маротиба ба ояҳои шарифаи ин китоби муқаддас истинод шудааст.
  4. Мавзўоти асосии шеъри ин давра мадҳ, панду насиҳат ва ишқу ошиқӣ аст. Дар ин миён шеъри таълимӣ тарҷеҳ дорад.
  5. Дар шеъри давраи Тоҳириён ва Саффориён баъзе нишонаҳои норасоӣ ва нопухтагии шеър, хусусан дар интихоб ва корбандии авзони арўз ба назар мерасад.
пешина
аз 500
навбатӣ