Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Санъатҳои бадеӣ нисбат ба давраи Сомониён дар ин давра аз нигоҳи танаввўъ ва миқдор бештар шуданд. Таваҷҷўҳи бештар ба ташбеҳ ва истиора аст ва анвои ташбеҳи маҳсус ва малмус (ташбеҳҳое, ки замина бар воқеият ва зуҳуроти ба чашм аён) ғобилият доранд, гоҳ-гоҳ, масалан, дар ашъори Унсурӣ ва Азрақӣ ташбеҳҳои ғайримаҳсус низ ба назар мерасанд.
Аз санъатҳои лафзӣ тарсеъ ва таҷнис истифодаи вофир доранд. Доираи талмеҳот низ дар шеъри ин давра васеътар шудааст. Шоирон аз достонҳои миллӣ ва қиссаҳои динӣ зиёд суд ҷустаанд. Баъзан ба мазомини арабӣ низ рў оварда, онро ба шеъри форсӣ ворид кардаанд. Хусусан, Манучеҳрӣ ва Ломеӣ, ки ба шеъри араб хуб балад буданд, дониши худро дар баҳраҷўӣ аз шеъри араб ба кор бурдаанд.
Дар тағаззулоти шеъри ин давра бештар тавсифи табиат, хамрия ва васфи маъшуқ ба мушоҳида мерасанд.
Дар ашъори шуарои ин аҳд луғз чун тавсифи чизе ҷойгоҳи махсус дорад.
Радиф дар шеъри ин давра сода аст ва аксар радифҳои феълӣ ҳастанд: кунӣ, буд, шавад, нест, бошад, гардӣ, ту, ҳамебинам, ояд, дорӣ ва ғайра. Қадимтарин радифи исмӣ бо калимаҳои «Муҳаммад» ва «Алӣ» бори нахуст дар қасидаҳои Носири Хусрав дар аҳди Ғазнавиён рўи кор омадаанд.
Дар шеъри қарни ёздаҳум таъсири баъзе илмҳо, аз ҷумла нуҷум, тиб, ҳикмат ба мушоҳида мерасад. Чунончи, дар девони Манучеҳрӣ мабнои сувари хиёл бар нуҷум (ситорагон), Унсурӣ ва Носири Хусрав бар фалсафа ва ҳикмат, ҳамчунин бар маълумоти тиббӣ ва динӣ қарор гирифтааст.
II. Вежагиҳои фикрӣ.
Шеъри давраи Ғазнавиён, чунонки дар давраи Сомониён буд, ҳанўз ҳам хусусияти бурунгароӣ дорад, яъне, шоирон ҳанўз ба ботини хеш ва ҳиссиёти равониву отифии хеш мутаваҷҷеҳ нестанд. Онҳо ба тасвири зоҳир аҳамияти бештар медиҳанд ва аз ҷаҳон шодӣ меҷўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё