Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Намояндагони сабки байнобайн Саноӣ, Хайём, Абулфараҷи Рунӣ, Амъақи Бухороӣ, Заҳири Форёбӣ, Ҷамолиддини Исфаҳонӣ, Асирии Ахсикатӣ, Абулвосеи Ҷабалӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон ва дигарон буданд, ки талошҳое дар тағйири баён ва бадеъ доштанд.
Дар шеъри ин давра ишораву талмеҳот зиёдтар шуд, шоирон бештар аз дониши худ дар фунуни мухталиф, аз он ҷумла тиб, нуҷум, маърифати исломӣ ва аҳодиси динӣ истифода бурданд. Дар мавриди забон дар қиёс бо сабки хуросонӣ, шеър аз содагиву равонӣ ва равшании маъно батадриҷ ба мушкилбаёнӣ майл пайдо кард. Басомади вожаҳои арабӣ бар ивази вожаҳои форсӣ рў ба афзоиш ниҳод. Ҳарчанд ки қолаби аслии забон боз ҳам ба мисли қолабҳои забонии давраи хуросонӣ буд, вале тағйироте дар сатҳи овоӣ ба амал омад. Аз он ҷумла, қолабҳое, ки дар сабки хуросонӣ қабул ва роиҷ буданд, дар ин давра ба танқид рў ба рў шуданд. Масалан, Шамси Қайсӣ Розӣ дар «ал-Мўъҷам» дар қатори хатоҳои шеър овардани алифи итбоъ (масалан, ҳаргизо), дароз кардани садонокҳои кўтоҳ (сухун), истифодаи «або», «абе», «абар», мушаддад кардани мухаффаф ва баръакс (Умари Хайём ва Абулаббос), ҳазфи ҳуруф, тағйири шакли калимаҳо (нилуфал ба ҷои нилуфар) ва ғайра.
Муҳимтарин хусусиятҳои сабки байнобайн дар сатҳи фикрӣ чунин аст:
- Ишора ба илмҳои мухталиф: нуҷум, тиб, тафсир, фиқҳ.
- Ишора ба Қуръону ҳадис ва зарбулмасалҳои арабӣ.
- Ишора ба низоъҳои мазҳабӣ, аз ҷумла миёни мўътазила ва ашъариён.
- Эътироз ва рўй тофтан аз таърихи пеш аз ислом ва шоҳони аъзам.
- Баробар донистани шоирӣ ва гадоӣ.
- Шикоят аз беқадрии шуаро ва фузало.
- Шикоят аз вазъи иҷтимоӣ ва ришваву фасод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё