Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар чеҳраи ў танҳо нишони хуррамиву хушбахтӣ ҳувайдост, зеро ў ғами пулу мол, гармиву сардӣ, гуруснагиву бекасиро надорад, бинобар ин, «нусхаи ягонаи соҳибқаноатӣ» аст. Бузургон қаноатро беҳтарин фазилати инсон шумурдаанд, аммо дар замони мо фақат девонае, ки аз нодориву дороии худ бехабар аст, эҳсоси қаноатмандӣ дорад. Шоир ўро «нусхаи ягонаи соҳибқаноатӣ» мегўяд, зеро воқеан инсони қаноатпеша дар рўзгори мо нодир аст ва ин аст, ки шоир дубора таъкид мекунад, ки «ин гуна хуррамеро дунё дигар надорад».
Дар банди дигар муаллиф ҳамаи одамонро ба он девонаи хушбахт муқобил мегузорад:
Ману ту дар асорати сиёҳи ношукрӣ анкабутона андарем.
Ў ҳамаро бо таркиби «ману ту» ифода карда, худро низ ҷузъе аз ҳамагон ва ношукрон қарор медиҳад ва дар тасвири ў ҳамагон «дар асорати сиёҳи ношукрӣ анкабутона андаранд».
Дар тасаввури шоир асорат сиёҳ аст ва ношукрӣ – асорати сиёҳ ва инсонҳои ношукр мисли анкабутоне ҳастанд, ки дар ин асорати сиёҳ вомондаанд ва дар инҳитоти торхонаи худ беист мечарханд.
Ману ту бадбахтем,
Зеро ки зи хушбахтии худ бехабарем.
Шоир ба натиҷае мерасад, ки мо ҳама дар қиёс бо он девона бадбахтем, зеро гирифтори обу дона шуда, аз хушбахтии худ бехабарем.
Пас, «хушбахтӣ» аз нигоҳи шоира чист? Дар ин бора ў ошкоро сухан намегўяд, лекин хонанда дарк мекунад, ки хушбахтӣ дар шукргузорист барои нафас кашидан, зинда будан, сиҳат будан, ҷавон будан, ошиқ будан ва умуман «будан».
Пас оё месазад, ки он «девонаи бехабар» ҳамин хушбахтиро эҳсос кунад, вале мову ту бо ин ҳама соҳибақлӣ ношукру носипос аз пайи сарвату давлат ва обу дона бехабар аз хушбахтии худ бошем?!
Соли 2014

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор