Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вожаҳои «шабнам», «нимашаб», «шаб» таносуби зебои овоиро таъмин намудаанд ва калимоти «куфркада»-ву «лоҳут» ва таркиби «шабнамаки нинимарг» аз лиҳози нудрати истифода дар забон қобили таваҷҷўҳанд. Дунёро «куфркада» хондани шоир ва шабнам бо пасванди ишорат ба хурдӣ ва заъфу нотавонии «-ак» ва вожаи навсохтаи «нинимарг» (дар қолаби «ҷавонмарг» ба маънои дар тифлӣ бо марг рў ба рў шудан) ба ин шеър, ки ғояи он пок зистан аст, набзи зиндагӣ ва нотакрорӣ бахшидаанд. Вожаи «шабнам» аз калимоти калидии ашъори Фарзона аст ва дар шинохти ҷаҳони ботинии ў ва ақоиди фалсафиаш мусоидат мекунад. Чунонки дар шеъри дигар, ки солиёне қабл аз шеъри мазкур гуфта шудааст, орзу дорад шабнам бошад: Кош шабнам будаме, кош шабнам будаме…
Шеъри дигаре, ки бо хонандагони гиромӣ барои дарёфти матолиби он саъй мекунем, «Бехабарӣ» ном дорад.
Девонаи маҳаллаи мо хушбахт аст, Зеро ки зи бадбахтии худ ҳаргиз хабар надорад.
Бо чашми содаи ҳамешахандон
Ў нусхаи ягонаи соҳибқаноатист.
Ингуна хуррамеро
Дунё дигар надорад.
Ману ту дар асорати сиёҳи ношукрӣ анкабутона андарем.
Ману ту бадбахтем,
Зеро ки зи хушбахтии худ бехабарем.
Бунёди ин шеър бар тазод аст: девонаву соҳибақл, бохабару бехабар, хушбахту бадбахт дар муқоиса ҳақиқати азалиро дар бораи «бахт» собит мекунанд.
Девонаи маҳаллаи мо хушбахт аст, Зеро ки зи бадбахтии худ ҳаргиз хабар надорад.
Девона – нафаре, ки аз назари мардум маҳрум аз ақл ва хеле бадбахт аст. Аммо қаҳрамони шеър аз ин бадбахтии худ хабар надорад.

пешина
аз 500
навбатӣ