Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин қисмат Шифо ду кори бузургро анҷом додааст:

  1. Барои шинохти ҷаҳони шоир сарчашмаҳоеро омўхтааст, ки Гёте дар истифодаи худ қарор дод.
  2. Манобеи шарқии ҳамаи қитъаҳои «Девон»-ро ҷустуҷў карда, барои ҳар шеър сураву оят ё ҳадисеро аз «Қуръони карим» ё абёти мувофиқро аз девони Ҳофиз, осори Саъдӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ва ғайра манзур намудааст, ки намое аз заҳмати сангини тарҷумони воқеист.
    Масалан, дар бахши «Ҳикматнома» қитъаи зерин оварда шудааст:
    «Аз худ мепурс, ки аз накўии ту чӣ кас баҳра хоҳад бурд.
    Нони худро ба об афкан, билохира касе онро хоҳад хўрд».
    Дар қисмати тавзеҳот роҷеъ ба ин қитъа мутарҷим ишора мекунад, ки муаллиф аз «Гулистон»-и Саъдӣ, аз байти зерин илҳом гирифтааст:
    Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,
    Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.
    Ё худ роҷеъ ба қитъаи зерин:
    «Агар рўзгор аз паи озмудани ту бар ту сахт гирад, ту кор бар худ осон гир ва ризо пеша кун», – менависад, ки «асли фикр аз Ҳофиз аст»:
    Ризо ба дода бидеҳу зи ҷабин гиреҳ бикшой,
    Ки бар ману ту дар ихтиёр накшодааст.
    Ё: «Ки дар мақоми ризо бошу аз қазо магрез».
    Ҳамчунин дар мавриди номҳое, ки ба хонанда ошно нестанд, тавзеҳоти ҷолибе медиҳад ва дарки матлаби шоирро осонтар менамояд. Масалан, Гёте шеърҳое дорад бо номи «Фатво» (2 шеър ба ҳамин ном) ва «Сипосгузории як олмонӣ», ки дар ҳарду ҳам аз Абўсууд ном нафаре ёд шудааст. Дар тавзеҳот мутарҷим дар бораи ў навиштааст, ки «Ишораи Гёте дар ин ҳар се қитъа ба фатвоест, ки «Абўсууд Афандӣ», муфтии Исломбул дар асри Султон Салим, дар бораи Ҳофиз ва ашъори ў дода буд. Дар замони вай мутаассибини турк, ки аз таваҷҷўҳи султон ба ашъори форсӣ ва иқболи фавқулодаи мардуми усмонӣ ба девони Ҳофиз норозӣ буданд, ғазалҳои Ҳофизро оёти фисқу куфр шумурданд ва хондани онҳоро манъ карданд ва, билохира, мухолифин ва мувофиқин аз Абўсууд дар ин бора доварӣ хостанд ва вай чунин фатво дод: «Сухани Ҳофиз ба таври куллӣ бо шаръи набӣ созгор аст ва танҳо бархе аз ашъори вай бўи фисқ медиҳад.
пешина
аз 500
навбатӣ