Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мўъминин бояд ба ҷои он ки хондани Ҳофизро ҳаром кунанд, заҳрро аз тарёқ бишносанд ва он қисматҳое аз каломи Ҳофизро, ки мояи иршоди касон аст бипазиранд. Дар қитъаи «Сипосгузории як нафари олмонӣ»
Гётё аз Абўсууд ба муносибати фатвои оқилонааш ташаккур мекунад ва дар ёддоштҳои худ менависад: «Худо ўро ба хотири ин фатво раҳмат кунад ва гуноҳонашро биёмурзад» (4).
Ҳамин тариқ, мутарҷим вазифаи худро на танҳо дар баргардонии матн, балки дар ковишҳои доманадоре перомуни манобеи фикрӣ ва ҷаҳоншиносии шарқиёнаи Гёте дарёфтааст ва шояд ҳамин омилҳо боис шуда, ки дар паси сатрҳои «Девон» чеҳраи хайёмсурати ҳаким, ҳофизвор ошиқу ринд ва саъдиёна пандомўзи шоири олмонӣ намудор мешавад ва мо садои ўро чун садои ошнову дўст мешунавему мепазирем ва ин садо барои мо бегона нест. Зимнан ҳамин аст ҳадафи аслии ҳар тарҷумон: бегонагиро аз миён бурдан, забон ва тарзи баёну ҷаҳонбинии мардуми ғайрро ончунон баргардонидан, ки сохтаву маснўӣ будани тарҷума ҳаргиз ба ёди хонанда нарасад.
Ҳароина, мутарҷими аввали форсии «Девони ғарбию шарқӣ» хеле кўшидааст, ки аз қайдҳое амсоли вазну қофия, тарҷумаи таҳтуллафзи матн ва ҳатто тартиби ҷогузории қитъаҳо аз қавоиди «Девон»-и тартибдодаи худи Гёте раҳо бошад.
Ёд дорем, ки ҳанўз ҳини таълифи «Девон» Гёте бо ишора ба он ки намехоҳад мисли Ҳофиз тадвини «Девон»-и худро ба пасовандон гузорад, (ҳарчанд нусхаи «Девон»-ро дар он замон ниёзманд ба идомаву такмил меҳисобид), ба дасти худ онро танзим намуд. Аммо баъди вафоти шоир тақрибан 40 қитъае аз дафтарҳои ў пайдо шуд, ки ба мавзўоти бахшҳои «Девон»
иртибот доранд. Худи шоир бо он ки аз соли 1819, яъне соли нашри «Девон» то вафоташ 13 соли дигар вақт дошт, ба танзими дубораи «Девон» даст назад ва шояд ин амали ў бесабаб набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор