Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимнан, қобили тазаккур аст, ки силсилаи ашъори Гёте бори аввал дар Тоҷикистон иборат аз тарҷумаҳои Лоиқ ва баргузидае аз тарҷумаҳои Шуҷоуддини Шифо бо пешгуфтори Шокир Мухтор дар маҷмўаи «Савтҳои Ховар» ҳамроҳ бо намунаҳое аз ашъори Ҷорҷ Байрон, Ҳанрих Ҳайне, А. С.
Пушкин, М. Ю. Лермонтов, Адам Митскевич, Виктор Гюго соли 1986 интишор ёфт. Худи ҳамон сол як силсила шеърҳои Гётеро, ки муштамил бар 14 қитъа буд, Мирсайид Миршакар тарҷума кард ва дар «Адабиёт ва санъат» мунташир намуд.
Бархе аз ин тарҷумаҳо, мисли «Зиндагонии ҷаҳонӣ», «Шарқу Ғарб», «Зоҳиру ботин», «Намедонӣ магар», «Марворид ва гавҳарӣ» табииву самимӣ сурат гирифтаанд.
Аввалин ва дар ҳоли ҳозир ягона тарҷумаи комили «Девони ғарбиву шарқӣ», ки ба забони форсист, соли 1999 ба эҳтимоми мутарҷими эронӣ Куруши Сафавӣ рўи кор омада буд.
Ин мутарҷим таҳсили худро дар мадрасаи Олмон, дар ватани Гёте сар карда, баъдан дар Эрон давом додааст ва солҳо орзуи тарҷумаи «Девон»-и Гётеро дар дил парваридааст. Ҳарчанд хеле хоксорона ба заъфу нотавонии худ ишораҳо дорад, вале бояд эътироф кард, ки ў заҳмати беандоза бузурги тарҷумаи кулли «Девон»-ро ба дўши хеш ба танҳоӣ гирифта, ин корро бо сабру таҳаммул ва пажўҳиши илмӣ якҷоя ба сомон расонидааст. Ҳиммати баланди Шуҷоуддини Шифо ўро низ водор намудааст, ки пешгуфторе иборат аз 40 саҳифа рўи коғаз орад ва дар поёни ҳар фасл ёддоштҳои хешро ҷо диҳад, инчунин дар поёни пешгуфтор ва дар интиҳои «Девон» «Китобнома»
таҳия намояд.
Қобили зикр аст, ки «Пешгуфтор»-и Сафавӣ комилан мутафовит аз муқаддимаи Шифо аст. Баъди ёдоварӣ аз таърихи тарҷумаи «Девон» Сафавӣ нигоҳе ба зиндагии Гёте меандозад ва «Наҳзати «ғавғо ва талош»-ро чун мабдаи таваҷҷўҳи шоир ба Шарқ шарҳ медиҳад. Баъдан феҳрасти 42 манбаъро, ки ба Гёте дар шинохти таъриху адабиёт ва тамаддуни кишварҳои Шарқ кўмак карданд, як-як зикр мекунад.
Аммо муҳимтарин коре, ки дар қисмати муқаддимаи «Девон» Сафавӣ кардааст, тавзеҳи шеваи кори мутарҷим аст.
Душвории кори тарҷума барои ҳар касе, ки боре ба ин амал даст задааст, аён аст.

пешина
аз 500
навбатӣ