Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Як қисми зиёди ин қитъаҳо шеърҳои нотамом ё ашъори тавсифии ба қавле «албомӣ» ё содалавҳонае буданд, ки худи шоир онҳоро сазовор ва шоистаи вуруд ба «Девон» надонистааст. Бинобар ин, таҷрибаи шоироне чун Бурдах, ки баъди марги шоир ин ашъорро ба қисматҳои «Девон» ҳамроҳ кардаанд, чандон қобили ситоишу дастгирӣ нест. Аз ин нуқтаи назар тарзи танзими қитъаот аз ҷониби Шифо низ, ки дар пайравии ин тоифа ба таври худ «Девони шарқӣ» сохтааст, ба иллати дурӣ аз асл хушоянд наменамояд.
Бо вуҷуди ин, шояд бар асари ҳамин тарҷумаи форсӣ ва дар баробари он ё ҳатто бештар зери таъсири тарҷумаҳои русии «Девон» адибони тоҷик низ аз охири солҳои 50-уми асри ХХ ин тараф даст ба кори тарҷумаи Гёте заданд.
Бино ба маълумоти шодравон Шокир Мухтор дар Тоҷикистон бори аввал «Ба Ҳофиз» ном шеъри Гётеро С. Ҳалимшо соли 1959 тарҷума кард ва он дар шумораи дувоздаҳуми рўзномаи «Маориф ва маданият» интишор ёфт. «Соли 1964 бошад, Шералӣ Раҳим шеъри дигари «Девон» «Бозёфт»-ро аз немисӣ ба тоҷикӣ баргардонид (Комсомоли Тоҷикистон,
27 март). Баъди чаҳор сол рўзномаи «Маориф ва маданият» (1967, 5 август) «Ҳикматнома»-и Девонро дар тарҷумаи Ш. Шифо манзури хонандагони тоҷик кард. Вале беҳтарин тарҷумаҳои сурудҳои «Девон» ба қалами шоири нерўманди мо Лоиқ Шералӣ мутааллиқанд. Ба тарҷумаи шеърҳои Гёте аз «Девон»-у дигар маҷмўаҳои вай шоирони тоҷик Ҳ. Файзулло ва Раҳматуллоҳӣ низ ширкат варзидаанд» (5).
Воқеан, ҳақ ба ҷониби ин пажўҳишгари пуркор аст, ки афзалияти тарҷумаҳои Лоиқро таъкид намудааст. Бо назардошти он ки Лоиқ аввалин касе буд, ки дар Тоҷикистон силсилаи шеърҳои «Девон»-ро иборат аз 12 шеър тарҷума кард ва онҳоро маҷаллаи «Садои Шарқ» дар солҳои 1968 ва 1969 ба табъ расонид, маълум мешавад, ки дар он айём Лоиқ ҳамагӣ
23 сол дошт ва ин амали ў ҷасорати фавқулодаи шоири ҷавон буд. Баъдан, дар маҷмўаи «Хонаи чашм» шоир қисмате аз ин шеърҳоро таҳрир кард ва аз баҳри баъзе шеърҳо, шояд ба иллати заъфашон бошад (мисли шеъре дар бораи «Найшакар»), даргузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор