Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

В. Житомирская, «Гёте дар адабиёти русӣ»-и В. М. Жирмунский, «Ашъори «Девони ғарбиву шарқӣ» дар тарҷумаҳои русӣ»-и А. В. Михайлов беҳтарини онҳост.
Муҳимтарин коре, ки гётешиносони рус роҷеъ ба таҳқиқу омўзиши «Девони ғарбиву шарқӣ» анҷом доданд, нашри девон ҳамроҳ бо шарҳу тавзеҳот ва ёддоштҳои худи Гёте буд, ки соли 1982 дар Маскав зери назари шарқшиноси доно ва тавоно И. С. Брагинский ба миён омад. Ин китоб нашри воқеан илмиест, ки танҳо қисмати иловаҳояш 550 саҳифаро дар бар мегирад ва иборат аз чаҳор фаслу мулҳақот аст. Дар фасли аввал ашъоре ҷой дода шудааст, ки аз лиҳози мавзўъ ба «Девони ғарбиву шарқӣ» наздик аст, вале Гёте онҳоро бо сабабҳое ба девон надаровардааст, фасли дувум «Аз қайдҳои шарқии Гёте», фасли севум тақризи И. Г. Л. Козегартен ба «Девони ғарбиву шарқӣ», ки соли 1819 навишта шудааст, фасли чорум
– тарҷумаҳои русии девон аз оғоз то нашри ҳозирро фаро мегирад; дар қисмати мулҳақот мақолаҳои И. С. Брагинский ва А. В. Михайлов ва дар поёни китоб тавзеҳот, феҳрасти расмҳо ва феҳрасти номҳо ҷой дода шудаанд.
Дар қисмати тарҷумаҳо мувофиқи тартиби хронологӣ тарҷумаҳои М. А. Дмитриев, А. А. Бестужев-Марлинский, Ф. И.
Тютчев, Е. Л. Милкеев, Ф. Б. Миллер, А. Н. Струговщиков, А.
А. Фет, Б. Н. Алмазов, Н. А. Холодковский, Д. П. Шестаков, В.
В. Вересаев, В. Я. Брюсов, М. А. Кузмин, С. В. Шервинский, Н.
Н. Вилмонт, Н. Д. Волпин, И. В. Миримский, Б. Н. Лейтин, С. С.
Аверинтсев, О. Г. Чухонсев, А. В. Парин оварда шудааст.
Агар ба таърихи тарҷумаҳои русии ашъори «Девони ғарбиву шарқӣ» нигоҳе афканем, маълум мешавад, ки нахустин тарҷума аз «Девони шарқию ғарбӣ» фавқулода зуд – ҳанўз аз нашри девон як сол ҳам нагузашта, рўи кор омад. Соли 1820 дар маҷаллаи «Вестник Европы» ду тарҷумаи М. А. Дмитриев аз қисмати «Зулайхонома»-и «Девони ғарбиву шарқӣ» таҳти унвони «Таронаҳои форсӣ» ба табъ расиданд. М. А. Дмитриев (1796-1866) шоир, тарҷумон, мунаққиди рус чун аксари ҷавонони равшанфикри он замон, хоса декабристҳо, аз тозатарин падидаҳои адабии рўзгори хеш огоҳ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор