Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҷолиб он аст, ки ў аз кулли «Девони ғарбиву шарқӣ» мушкилтарин шеърҳоро барои тарҷума интихоб намуд.
Муҳаққиқи рус А. В. Михайлов бо истинод ба банди зерини тарҷумаи ў:
Султан, султан соединяет
Светила высшие миров
Он ими верных отмечает
И храбрых из своих полков менависад, ки «Ин банд аз лиҳози услуб дар ҳадди камол аст ва ба сабки Гёте гуфта шудааст. М. А. Дмитриев дар тарҷумаҳои худ ҳунарманди баркамол ва ҷўянда аст» (11).
Дар охири солҳои 20-уми асри ХІХ декабрист А. А. Марлинский 4 шеъри девонро аз қисматҳои мухталифи он тарҷума мекунад ва тақрибан дар як вақт бо ў Ф. И. Тютчев низ ба тарҷумаи Гёте даст мезанад. Ў шеъри аввалини «Девони ғарбиву шарқӣ» «Ҳиҷрат»-ро 2 бор бо таҳриру тағйирот ба русӣ бармегардонад ва ҳарду нусха низ то ба мо расидаву маълум нест, ки кадоме аз онҳоро худи мутарҷим ниҳоӣ ва дуруст ҳисобидааст.
Дар солҳои 30-юми асри ХІХ тарҷумаҳои А. Н. Струговников, дертар тарҷумаҳои Ф. Б. Миллер, дар охири аср намунаҳои кори Н. А. Холодковский ва, ниҳоят, соли 1900 тарҷумаҳои Д. П. Шестаков чоп шуданд, ки бо ҳамин таърихи тарҷумаҳои русии «Девони ғарбиву шарқӣ» дар асри ХІХ ба поён расид.
Дар оғози асри ХХ В. Я. Брюсов як шеъри девонро тарҷума кард.
Бори аввал дар адабиёти русӣ тарҷумаи комили «Девони ғарбиву шарқӣ» соли 1932 ба муносибати 100-солагии даргузашти шоир аз ҷониби С. В. Шервинский ва М. А. Кузмин анҷом дода шуд. Ин таҷрибаи нахустин бо он ки аз навоқис низ холӣ набуд, мўҳтавои «Девон»-ро бо тимсолҳои шарқӣ, тобишҳои тозаи маъноӣ, оҳангҳои ба ҳам даромехтаи ғарбию шарқӣ дар сурати тамом пешорўи хонандаи русзабон гузошт.
Вале чун тарҷума ҳамеша намое аз дарку фаҳмиш ва шарҳи фардии мутарҷим аз ашъори шоир аст ва идроки на танҳо афроди мухталиф, балки маърифати наслҳо низ аз ҳам тафовут дорад, пайдо шудани тарҷумаҳои нав амри воқеист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор