Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ки мавзўи марбут ба Шарқ дар осори ў тасодуфӣ набуда, балки тақозои замон будааст.
Дар Русия дар оғози садаи ХІХ, аммо дар кишварҳои
Аврупо ҳанўз аз асрҳои ХVII-ХVIII мелодӣ таваҷҷўҳи махсуси аҳли адабу фарҳанг ба адабиёти ховарзамин, аз ҷумла адабиёти форсӣ ба мушоҳида мерасад. Аҳли илму адаб бо масоили таърих ва фарҳанги Шарқ бо камоли шавқ ошно шуда, осори шоирони шарқиро бо рағбати зиёд мутолиа мекарданд.
Дар ин росто нақши шоир ва мутафаккири маъруфи олмонӣ
Иоганн В. Гёте, ки ба андешаи ў, мутолиаи адабиёти Ховар барои фарогирии ҳамаҷонибаи адабиёти Ғарб мусоидат хоҳад кард, хеле равшан аст.
Восхитительно Восток
К Средиземью устремился,
В Кальдероне тот знаток,
Кто в Хафизе искусился (пер. С. Шервинского).
Шарқ бо камоли ваҷд
Ба самти Миёназамин равон шуд.
Калдеронро фақат касе донад, Ки бо Ҳофиз ошноиаш комил аст.
(тарҷумаи таҳтуллафз) Китоби машҳури Гёте «Девони шарқиву ғарбӣ» (1819) аз ҷониби хонандагони равшанфикри рус хеле бо муҳаббат пазируфта шуда буд.
Яке аз аввалин касоне, ки ба таърих ва фарҳанги Шарқ дар Русия таваҷҷўҳ зоҳир намуд, нависанда ва файласуфи бузург А.
Н. Радищев буд, ки вежагиҳои хоси осори адибони халқҳои мухталифро таъкид намуда, иртиботи онҳоро бо муҳит, табиат ва вазъи зиндагии адибон пай бурда буд. Аз соли 1804 ба баъд дар донишгоҳҳои Русия тадриси забонҳои форсӣ ва арабӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли 1910 дар Русия лоиҳаи таъсис ёфтани Академияи Осиё таълиф гардид, ки тадвини ин тарҳро С. Уваров анҷом дод. Соли 1818 дар Петербург музеи Осиё ба кор шурўъ кард ва дар он теъдоде аз дастнависҳои қадимии шарқӣ ба намоиш гузошта шуд. Ошноии Пушкин бо адабиёти Шарқ тавассути мутолиаи афсонаҳои шарқӣ, мақолаву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор