Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

лақаби форсии «Дели бародер» (яъне, «Дили бародар»)-ро гирифта буд, дар маҷаллаи «Северная мелодия» интишор намуд:
Без красавицы младой,
Без кипящего стакана
Прелесть розы огневой
Блеск сребристого фонтана –
Не отрадны для души!
Бе ёри ҷавони хушгил,
Бе ҷўшиши ҷоми саршор,
Бе тобиши фаввораи симин
Дилхушии дигар нахоҳад буд.
Ин тарҷума бо вуҷуди он ки умқи маънӣ, хусусиятҳои шаклии асар ва матлаби муаллифро комилан ифода намекунад, то ҷое ба ғазали Хоҷа қаробат дорад.
Барои ошноии амиқтар бо осори Ҳофиз ба Пушкин дўстони ў мусоидат намуданд. Масалан, яке аз дўстони шоир Кюхелбекер менависад: «Шоирони бузурге мисли Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ хонандагони худро интизоранд», Бестужев-Марлинский дар бораи зарурати омўзиши забонҳои шарқӣ менависад: «Ман ба омўзиши забони тоторӣ шурўъ кардам, навбати Ҳофиз низ хоҳад расид».
Дар маҷаллаи «Паёми Осиё» Фирдавсиро «Ҳомери кишвари Форс» ва Ҳофизро «Анакреонти ин кишвар» номидаанд. Ва чунин қиёс кардан дар он рўзгор, ки ҳанўз тарҷумаҳои хуби русӣ набуд, гувоҳи он аст, ки бузургони сарзамини рус дарвоқеъ ҷойгоҳи рафеи адабиёти порсиро эҳсос мекарданд.
Худи Пушкин дар мактубаш ба унвони Вяземский, нависанда ва донишманди бузурги рус, навиштааст: «Сабки шарқӣ барои ман, ки як нафар аврупоии ҳушёр ва сардхуне ҳастам, улгу маҳсуб меёбад. Оё ту медонӣ, ки чаро ман Мурро дўст надорам. Зеро ў аз ҳад зиёд шарқист. Ба ҳадде ки мисли кўдак ба шеъри Саъдиву Ҳофиз ва андешаҳои ҳазрати Муҳаммад тақлид мекунад» (9, 16).
Дар бораи шеъри «Илҳом аз Ҳофиз» («Маҷў номи баланд аз корзорон»), ки Пушкин онро соли 1829 навиштааст, андешаҳои мухталиф мавҷуданд. Пушкиншиносон Н. О.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор