Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лернер, Д. Д. Благой, Ю. Н. Тинянов, А. Л. Слонимский бар онанд, ки он шеър натиҷаи мушоҳидаҳои даврони ҷавонии шоир мебошад. Адабиётшиноси муосири рус И. Ениколопов низ ба ин андеша ҳамназар аст. Ў менависад: «Ҳофиз ин гуна шеър надорад, ин шеъри комилан мустақил аст, ки дар сабки шарқӣ таълиф гардида ва маълум нест, ки он ба кӣ бахшида шудааст ва сухан аз кадом «тўдаи қаробоғӣ» аст».
Ў дар идомаи андешаҳояш менависад, ки дар дастхати шоир унвони он «Шеер 1» ном гирифта ва шоир онро «Ба Фарҳодбек» ном касе тақдим кардааст. Ба қавли яке аз шореҳон вожаи «шеер» ба забони озарӣ маънии лашкарро дорад.
Ба фикри муаллифи мақола, номи Фарҳодбек дар феҳрасти номи бекҳо, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд, ба назар мерасад. Маводи ин мақола тасаввуроти моро дар бораи ҷанги русҳо бо туркҳо, ки Пушкин низ аз тафсилот ва мушаххасоти он бохабар буд, густурдатар мекунад (1).
Ин андешаро муҳаққиқи дигар Қурбонов Ш. тақвият мебахшад ва илова мекунад, ки вожаи «шеер» дар забони озарӣ маънии дигар ҳам дорад, ки «шеър», яъне, каломи мавзун аст (2).
Ин вожа бе тардид аз забони мо интиқол шудааст. Азбаски дар шеър шумора гузошта ва «Шеъри 1» унвон додааст, метавон ҳадс зад, ки шоир мехостааст ин гуна ашъорро идома бидиҳад ва ба онҳо шумораҳои 2, 3 ва ғайра гузорад.
Дарвоқеъ, имкон дорад, ки шеъри мазкур маншаъ аз ашъори Ҳофиз гирифта ва мухотаби он як нафар инсони воқеӣ бо номи Фарҳодбек бошад. Шоир лашкаркаши ҷавонеро бо ҳамин ном дар сафи артиши русӣ таҳти сарфармондеҳии граф И.
Ф. Паскевич дида ва баъдтар тасвире аз ўро дар албоме кашидааст ва дар зери он бо хати худаш «Фарҳод-Бек» навиштааст.
Дар шарҳи ин тасвир доктор Т. Цявловская менависад:
«Пушкин ба ў шеъреро, ки дар дастхатҳои шоир «Фарҳод- Бек» ном дорад, бахшидааст, вале ҳини нашр онро «Аз Ҳофиз» номидааст. Дар ҷое ин шеър бо шарҳи зер низ омадааст:
«Лашкаргоҳе дар канори Фурот», ки ин андешаи шоир гувоҳи ҷанбаи хусусӣ доштан ва ё аз мушоҳидоти шоир манша гирифтани он аст» (3). Ҳамин тариқ, И Т. Цявловская ин шеърро асари мустақили Пушкин маҳсуб мекунад.

пешина
аз 500
навбатӣ