Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимнан ҳанўз дар шеъри «О дева роза», ки соли 1824 таълиф шуда, «Тақлид ба шеъри туркӣ» унвон гирифта буд, Пушкин ба тарзи махсус образҳои ҳофизонаро бозофарида буд. Бо камоли садоқат ба принсипҳое, ки дар номааш ба П. Вяземский (апрели 1825) баён карда буд, ў ба Ҳофиз ғуломона, «кўдаквор ва безеб» тақлид намекунад, балки маҷзуби шаҳомати шарқӣ, завқу назари инфиродии худро ҳифз мекунад ва маҳз ба ҳамин далел хусусият ва тамоюли прототипи худро, ҳарчанд ки вежагиҳои шаклии шеъри Ҳофиз, аз ҷумла қофияву вазнро риоя намекунад, чунин пурэҳтирос бозгў менамояд» (8).
Ба ҳамагон маълум аст, ки шеъри «Аз Ҳофиз»-ро Пушкин ҳини сафари худ ба Қафқоз таълиф намуда буд. Ва дар он рўзгорон дар Қафқоз, бавежа дар шаҳрҳои Бодкўба (Бокуи кунунӣ), Тифлис, Дарбанд мардум ҳанўз мардум ба забони порсӣ сўҳбат мекарданд ва пайдост, ки шеъри Ҳофиз дар миёни мардуми порсизабон бисёр интишор ёфта буд ва эҳтимол дорад ба шоири бузурги рус касе аз ошиқони шеъри форсӣ аз Ҳофиз сўҳбат карда ва ё ашъорашро хонда бошад ва шояд таассуроти сафари шоир, ки дар китоби «Сафар ба Арзрум»
омадааст, бе асар аз ашъори Ҳофиз набошад.
Бархе аз муҳаққиқон, вақте аз таассуроти шоир роҷеъ ба сафари ў ба Қафқоз менависанд, гоҳо хотироти Пушкинро аз марги беки тотор ба ёд меоранд. Чунончи: «Дар зери дарахт яке аз сардорон (бек)-и тотор, ки ҷароҳати марговар бардошта буд, мехобид. Дар канори ў дўсташ нолаву фиғон дошт.
Мулло ба зону нишаста, дуо мехонд. Бек дар дами марг дар ниҳояти оромӣ қарор дошт ва беҳаракат ба дўсти ҷавони худ нигоҳ мекард» (9, VIII, 471). Аммо қобили зикр аст, ки дар ёддоштҳои Пушкин «Сафар ба Арзрум» тасвири як лаҳзаи дигаре низ ҳаст, ки шояд ба шоир барои таълифи ин шеър ангеза дода бошад.
Дар бораи воқеаҳое, ки 19 июн рух додаанд, Пушкин менависад: «Аспи ман… аз аспҳои аскарони тотор ақиб намемонд ва босуръат пеш мерафт ва ман онро базўр нигоҳ медоштам.

пешина
аз 500
навбатӣ