Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Леонид Гроссман, адабиётшиноси маъруфи рус, дар шарҳи худ менависад, ки тоторписари ҷавон Фарҳодбек, ки дар бахши мусалмонони артиши русӣ хидмат мекард, таваҷҷўҳи Пушкинро ба худ кашида буд. Ҷаноби Паскевич, ки фармондеҳи ин қисм буд ва ўро «сардор» мегуфтанд, ки як вожаи порсӣ аст. «…Обуранги шарқии тасвирҳо ва эҳсоси маҷзубӣ ва мафтунӣ аз зебоии пайкари ин ҷавони нозанин, ки ногузир ба ҷангҳои фоҷиабор кашида мешавад, ва ин ҳолат дар ин шеър мунъакис шудааст (4).
Ба андешаи Ю. Н. Тынянов унвони шеър ба мазмуни он созгор нест, он на бо қасди бозтоби сабки шарқӣ, балки аз рўи эҳтиёткории сиёсӣ чунин ном гирифтааст» (5). Ба фикри ў, шеърҳои «Аз Ҳофиз», «Делибаш», «Сипари Олег» асари сегонаи танзомезест, ки «ду бахши нахусти он даъват ба сулҳ ва муқобилат алайҳи ҷанг мебошад» (6).
Ба андешаи мо, ғояи ин шеърҳо тараннуми ҳифзи зебоӣ ва даъват ба сулҳ ва наҳве эътироз алайҳи ҷанг аст, аммо ин эътирозро танзомез номидани баъзе муҳаққиқон дуруст нест, зеро дар онҳо ҳамдардии амиқи шоир ба онҳое, ки сарнавишт ба майдони муҳорибаҳои хунин кашидааст ва шоир самимона роҳи наҷот додани онҳоро меҷўяд, эҳсос мешавад. Аз сўи дигар, андешамандоне ҳастанд, ки дар шеъри «Аз Ҳофиз» баъзе вежагиҳои ғазалиёти Хоҷа Ҳофизро ба мушоҳида гирифтаанд.
Масалан, Д. И. Белкин, яке аз муҳаққиқони рус менависад, ки тасвирҳо ва оҳангҳое, ки вежаи сабки Ҳофиз ҳастанд, барои падид омадани шеъри Пушкин мусоидат намудаанд.
Эроншиноси номӣ И. С. Брагинский байти зеринро аз ғазали «Худоро, кам нишин бо хирқапўшон» меоварад ва ҳадс мезанад, ки он метавонад манбаи илҳоми Пушкин дар эҷоди шеъри мазкур бошад:
Ту нозуктабъию тоқат наёрӣ
Гарониҳои мушти далқпўшон (7).
Байти фавқ воқеан ба шеъри Пушкин қаробатҳое дорад ва адабиётшиноси варзида И. С. Брагинский ин матлабро дар пешгуфтори худ ба китоби «Панҷоҳ ғазали Ҳофиз», ки ба забони русӣ чоп шудааст, зикр кардааст. Гузашта аз ин, мавсуф роҷеъ ба хусусиятҳои ин шеър андеша ронда, ба хулосаҳои хеле ҷолиб мерасад: «Дар шеъри «Аз Ҳофиз», ки соли 1829 эҷод шудааст, Пушкин нубуғи Ҳофизро бо камоли иродатмандӣ эътироф мекунад.

пешина
аз 500
навбатӣ