Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар банди дигар майли шоир барои ҳифзи ин ҷавони хушгил аз марг ва андешаи ў дар бораи он ки ҳатто Азроил дар назди ҳусну зебоӣ ва ҷавонӣ оҷиз мемонад, чунин ифода ёфтааст:
Знаю, смерть тебя не встретит; Азраил среди мечей,
Красоту твою заметит –
И пощада будет ей (III, 163).

Агарчи марг раҳ н-орад ба сўят,
Ҳам Азроил ба қасди ту наёрад.
Чу андар ҷанг бинад ҳусни рўят,
Зи баҳри куштанат озарм дорад.
Дар мусаввадаи шеър муаллиф нерўи ҳуснро боз ҳам қавитар таҷассум мекунад – худ Азроил омода аст, ки онро ҳифз намояд:
И защитой будет ей (ў худ, яъне, Азроил нигаҳбон хоҳад шуд).
Банди охирин дарки моро аз шинохти зебоӣ тавсеа мебахшад – мо аз тасаввуроти Пушкин дар бораи ин мафҳум ва идроки шоири Шарқ – шарму ҳаё ва нозу ҷавлон огоҳ мешавем:
Но боюсь, среди сражений
Ты утратишь навсегда.
Скромность робкую движений,
Прелесь неги и стыда.

Вале тарсам, ки байни корзораш
Равад барбод ҳусни бемисолат.
Ҳама шарму ҳаёву нозу ҷавлон,
Сафои пайкари чун навниҳолат.
Дар китоби адабиётшиносони қирғиз Лев Аврумович
Шейман ва Гулҷигит Соронқулов «Пушкин ва муосирони ў» манбаи илҳоми Пушкин дар ин шеър андак ба гунаи дигар шарҳ ёфтааст. Ба фикри муаллифони ин китоб, манбаи шеъри мазкур шояд на Ҳофиз ва ё на танҳо Ҳофиз, балки «сужаи сайёри адабиёти клоссики форсиву туркӣ бошад, ки дар достони ҷовидони Алишер Навоӣ «Фарҳод ва Ширин» мунъакис шудааст» (11).

пешина
аз 500
навбатӣ