Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аммо ба андешаи мо, ин нуқтаи назар чандон саҳеҳ нест ва на танҳо барои он ки Пушкин боре ҳам номи Алишер Навоиро дар осораш зикр накардааст, ҳарчанд аз эҳтимол дур нест, ки ин шоири пурмутолиа ва донишманди рус бо достони Алишери Навоӣ низ ошно бошад, балки барои он ки вежагиҳои шахсияти Фарҳод дар достони Навоӣ ва дар шеъри Пушкин комилан аз ҳам мутафовитанд.
Симои Фарҳод дар достони Навоӣ – симои як ҷавонмарди заҳматкаш аст, ки ба хотири расидан ба висоли маҳбуба ва ба хотири таъмини мардум бо об риёзат кашид.
Аммо Фарҳоди Пушкин дар шеъри «Аз Ҳофиз» ҷавонмарди ҷанговар аст ва ин шеър бар вожаву таъбирҳое аз луғоти низомӣ, мисли «разм», «қасд», «ҷанг», «куштан», «корзор»
бунёд ёфтааст. Бояд гуфт, ки ин вожаҳо хоси аҳвол ва омоли як кўҳкан нестанд.
Дар шеъри мазкур мо садои қотеонаи шоирро дар даъват ба ҳифзи сулҳ ва талош алайҳи ҷанг, ки инсонро аз шарму ҳаё ва нозу ҷавлони ҷавонӣ маҳрум мекунад, мебинем. Ҷанг ахлоқи ҳамидаи ўро коста, ба зиштӣ ва дуруштӣ мекашонад ва ба сўи марг роҳ мекушояд. Ҳамин вежагиҳои шеъри Пушкин онро бо ашъори Ҳофиз мепайвандад ва қаробати маънавии ду шоири бузургро, ки дар замонҳо ва маконҳои мухталиф зистаанд, собит мекунад. Дар ин шеър андешаҳои инсонпарваронаи хоси ашъори Ҳофиз ва ҳам Пушкин ба мушоҳида мерасад.
Дар осори бо сабки шарқӣ сурудаи Пушкин, аз ҷумла ашъори марбут ба Ҳофиз, шоири рус саъй мекунад, ки тарзи баёни худро ба сабки шарқӣ наздик кунад ва ба тасвирҳое, ки хоси адабиёти форсӣ ҳастанд, бештар рў орад, то аз вуфури истифодаи самбулҳои мукаррари шарқӣ мафҳумҳои махсуси шеъри форсӣ дар таъин ва таъкиди мафоҳими башардўстӣ ва зебоишиносӣ бештар коргар оянд. Дар баробари ин ў нигоҳ ва сабки инфиродии худро ҳифз мекунад ва аз тақлиди ба қавли худаш «кўдакона ва безеб»дурӣ меҷўяд.
Мўҳтавои осори Пушкин, ки дар иртибот бо мавзўи Шарқ ба қалам омадааст, аз он далолат мекунад, ки матлаби меҳварии таълифоти шоир – тасвири инсон ва ҳолатҳои равонии ў, хулқу хў, ҷаҳонбинӣ ва муҳити маънавиву иҷтимоии ў боз ҳам боқӣ мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор