Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоир тайёр аст, ки ба он нозанин қолинҳои рангаи Шероз ва рўймолҳои Хуросонро ҳадя намояд, аммо расму оини шарқӣ – пинҳон будани занон ба ў писанд нест, бинобар ин, ў мегўяд:
Ба мулки Рус мо гулдухтаронро, Намедорем чун саг по ба занҷир.
Албатта, дар шеъри мазкур ва чанд шеъри дигари ин силсила, ки сухан аз зери чодар будани сурати зебои занон меравад, манзури шоир тараннуми зебоӣ ва ҳусну ҷамоли дилбарон аст.
«Савтҳои форсӣ» пур аз муҳаббати шоир ба кишвари форс аст. Дилбохтагии ў ба ин сарзамин дар шеърҳои «Бувад зебо… мулки Шероз», («Как бы ни был красив Шираз»), «Ба ҳаққи кишвари зебот, ёрам», («Про твою веселую страну»), «Дар кишвари шоми заъфаронӣ», «Ғарқ аст ба нури моҳ Шероз», («Лунным светом Шираз осиянен»), «Дар кишвари дилнавозу дилҷуй», »(«Оглянись, как хорошо кругом»), «Ҳаст дар мулки Хуросон як даре», («В Хоросане есть такие двери»), «Кишвари шўхшанги нилуфом» («Голубая да веселая страна») басо дилангез ифода ёфтааст. Чунончи дар шеъре мегўяд:
Хороша ты, Персия, я знаю,
Розы, как светильники горят.
И опять мне о далеком крае
Свежестью упругой говорят.
Хороша ты, Персия, я знаю.
Ин банд дар тарҷумаи тоҷикӣ чунин аст:
Мулки Эрон, қашангу зебоӣ,
Ҳар гулат шамъсон фурўзон аст.
Бо тароват зи кишвари дуре
Ёд орад, ки кишвари ҷон аст, Мулки Эрон қашангу зебоӣ.
Пайдост, ки шоир мафтуни кишвари нозанини мост, аммо дили ў як лаҳза ҳам аз ёди ватан холӣ нест. Шоир ба чеҳраи дилорои Шоҳонаву Лайло менигарад, аммо ёри раҳинтизори шимолиро ба ёд меорад.

пешина
аз 500
навбатӣ