Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар лобалои силсилаашъори «Савтҳои форсӣ» сухан аз дарди ишқу озори ёри бевафо, тасвири зебоиҳои нотакрори Эрон ва меҳри ҷовидона ба ватан меравад. Ба ин силсила шеърҳои зерин ворид шудаанд:
- «Фурў биншаст акнун дардҳоям» («Улеглась моя былая рана»); 2. «Бипурсидам зи саррофе ман имрўз» («Я спросил сегодня у менялы»); 3. «Ту эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман» («Шаганэ, ты моя Шаганэ»); 4. «Ту гуфтӣ Саъдии оқил…» («Ты говорила, что Саади…»); 5. «Набудам ҳеч вақте ман ба Босфор» («Никогда я не был на Босфоре»); 6. «Дар кишвари шоми заъфаронӣ» («Свет вечерний шафранного края»); 7. «Дар ҳавои кабуду тозаи соф» («Воздух прозрачный и синий»); 8. «Маҳтоб чу гирдаи тилоӣ» («Золото холодное луны»); 9. «Ҳаст дар мулки Хуросон як дарё» («В Хоросане есть такие двери»); 10. «Ватани нилгуни Фирдавсӣ» («Голубая родина Фирдуси»); 11. «Гар ба ҳукми ҳаёт бишморӣ» («Быть поэтом – то значит то же»); 12. «Ба баҳри зарҳалии мўйҳоям» («Руки милой – пара лебедей»); 13. «Чаро ин гуна тобад хира маҳтоб» («От чего луна так светит тускло»); 14. «Бош хомўш, эй дили сода» («Глупое сердце, не бейся!»); 15. «Кишвари шўхшанги нилуфом» («Голубая да веселая страна»)..
Дар миёни 15 шеъри ин маҷмўа, ки ҳар кадом асари камназири адабист, шеърҳои «Ту, эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман», «Дар кишвари шоми заъфаронӣ» ва «Ватани нилгуни Фирдавсӣ» ҷойгоҳи махсус доранд.
Шеъри «Шоҳона» дар ниҳояти камол суруда шудааст.
Сохтмони хуштарҳи шеър бо бандҳои 5-мисраӣ, ки мутаносибан дар 5 хона ҷойгир шудаанд, бо тамомияти мукаммал ва такрори мисраи «Ту, эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман» дар оғози ҳар банд савти хушу рўҳнавозе эҷод кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор