Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

пайванд аст:
Шепот ли шорох иль шелест,
Нежность как песни Саади
Вмиг отразится во взгляде
Месяца желтая прелесть,
Нежность, как песни Саади.
Дар шеъри дигар низ ҳамин пайванд ва бархўрди шоири рус бо воқеияти шарқӣ ба мушоҳида меояд:
Голубая родина Фирдуси,
Ты не можешь памятью простыв, Позабыть о ласковом урусе
И глазах задумчиво простых
Голубая родина Фирдуси.
Дар шеъри «Дар кишвари шоми заъфаронӣ» шоир исми мухотаби худро намегўяд, вале баид нест, ки «он ёри ҷонӣ»
ҳамзабони Хайём аст:
Савте бисарой, ёри ҷонӣ,
Савте, ки суруда буд Хайём, Дар боғ ба ҷилваанд гулҳо.
Спой мне песню, моя дорогая, Ту, которую пел Хайям,
Тихо розы бегут по полям.
Дар идомаи шеър Есенин аз гулҳои маҷозӣ, аз нозаниндухтароне, ки шабеҳи гулҳои боғанд, сухан мегўяд. Агар дар оғози шеър шоир аз маҳбуби худ савти сурудаҳои Хайёмро хоста бошад, дар поёни он худ омода аст савти дигаре, мутафовит аз сурудаҳои Хайём, яъне, шеъри худро ба гўши нигор бихонад. Бинобар ин, дар банди охирини шеър мегўяд:
Дар боғ ба ҷилваанд гулҳо,
Аз ёру диёр ёдам омад.
Ман худ ба ту хонам, эй нигоро, Савте, ки нахонда буд Хайём…
Тихо розы бегут по полям,
Сердцу снится страна другая.
Я спою тебе сам, дорогая,
То, что сроду не пел Хайям…
Дар Тоҷикистон ба ашъори Сергей Есенин таваҷҷўҳ хеле зиёд аст. Аввалин тарҷумаҳои тоҷикии ашъори ў тақрибан 50 сол қабл рўи кор омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор