Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоирон Мўъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Файзуллоҳ Ансорӣ, Бозор Собир, Бобо Ҳоҷӣ, Алӣ Бобоҷон, Аслам Адҳам ашъори Есенинро тарҷума кардаанд. Беҳтарин тарҷумаҳо дар маҷмўаи «Гулафшон» гирд оварда шудаанд, ки мутарҷимон Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир онро анҷом додаанд.
Устод Лоиқ дар яке аз аввалин мусоҳибаҳояш роҷеъ ба шеъри Есенин андеша ронда, гуфта буд, ки «даҳ сол қабл аз ин ман «Савтҳои форсӣ»-и Есенинро тарҷума карда будам ва то ҳол ҳар сатри матни асл ва тарҷумаро дар хотир дорам…
Ашъори Есенин бо лирикаи халқӣ қаробат дорад, хусусан бо дубайтиҳо. Дар шеъри ў тобишҳои маъноӣ ва образҳои басо шабеҳ ба шеъри мо ба мушоҳида меоянд. Ин хусусияти шоири воқеан халқӣ аст. Ба назари ман, касе аз шоирони Шарқ аз рўи шеърият бо «Савтҳои форсӣ» баробар нест» (10).
Воқеан ҳам ашъори Есенин, ки аз ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик вом гирифтааст, имрўз дубора ба ин адабиёт баргашта, дар радифи «Девони ғарбиву шарқии Гёте», ашъори шарқии Пушкин ва адибони дигари номвар барои пайванди адабиёти Шарқу Ғарб хидмат мекунад.

Пайнавишт:

  1. Сергей Есенин. Савтҳои форсӣ. Тарҷумаи Лоиқ.–Душанбе:
    Ирфон, 1965.
  2. Сергей Есенин. Гулафшон.–Душанбе: Ирфон, 1977.
  3. Бароат Ходжибаева, Матлюба Мирзоюнус. Голубая Родина Фирдуси.–Худжанд, 2010.
  4. В мире Есенина. Сборник статей.–Москва, 1986, стр. 560.
  5. Есенин С. Собр. соч. в шести томах.–Москва, 1980.
  6. Марченко А. Поэтический мир Есенина.–Москва, 1972, стр.
  7. Земсков В. Есенин в Ташкенте // Звезда Востока, 1970, №12, стр. 148.
  8. Вольпин В. Есенин в Ташкенте.–В сб. Воспоминания о Сергее Есенине.–Москва, 1965, стр. 302.
  9. Гордон Я. Новое о Сергее Есенине // Памир, 1982, №7, стр. 84.
  10. Лоик Шерали. Моя первая книга.–В мире Есенина.–Москва, 1984.–стр. 111.
  11. Давронов А. Сергей Есенин в контексте современной таджикской поэзии // Памир, 2006, №1-3, стр. 107-108.
пешина
аз 500
навбатӣ