Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

НАҚДУ БАРРАСӢ
ОСОРЕ ПЕРОМУНИ ПАЙВАНДҲОИ АДАБӢ

Ҳамроқул Шодиқулов ва Абдувалӣ Давронов.
Пайвандҳои адабии халқи тоҷик.–Душанбе, 2003;
Абдувалӣ Давронов. Адабиёт ва воқеият.–Душанбе, 2004.

Инсони эҷодкор ҳамеша ниёз ба таҷриба дорад ва мусаллам аст, ки идомаву такмили таҷоруби дигарон муҳимтарин омили пешрафти адабиёт хоҳад буд. Равобити халқҳо барои шиносоӣ бо дастовардҳои тозаи аҳли адаб ва табодули таҷриба миёни эшон мусоидат мекунад.
Дар ҳама давру замон тоҷикон бо кулли халқҳои мутамаддини ҷаҳон барои табодули афкори маънавию бадеӣ ва иваз намудани таҷрибаи бадеию эстетикӣ равзанаҳои боз дошта, дар раванди ғанои фарҳангии хеш ва халқҳои дигар мақоми пешоҳангиро соҳиб буданд.
Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ барҳақ навишта, ки «дар душвортарин ва номусоидтарин давраҳои таърих ҳам робитаҳои мадании байналхалқии тоҷикон қатъ нагардида буд.
Яке аз сабабҳои асосии ба дараҷаи олии камолоти бадеӣ расидани адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамин аст, ки ба танҳоӣ ва ҷудо аз дигарон зиндагӣ намекард, балки ҳамеша ба дастовардҳои бадеии халқҳои дуру наздик ва хурду калон бо чашми ибрат менигарист ва аз таҷрибаи онҳо эҷодкорона баҳра бардоштан мехост».
Шохаҳои мухталифи пайвандҳои адабии халқҳои форсу тоҷик бо кишварҳои дигар тўли тақрибан ним асри охир аз ҷониби И. С. Брагинский, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, В. Самад, Ҳ. Шодиқулов, Ш. Мухтор, А. Давронов, А. Нуралиев, Б. Ҳоҷибоева, М. Зайниддинов, М. Абдувалиева ва дигарон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Яке аз асарҳои ҷолибе, ки роҷеъ ба пайвандҳои адабии Урупову Шарқ, ки мансуб ба қалами адабиётшиноси номвар Шокир Мухтор таълиф шудааст (Мақолот.–Душанбе: Матбуот, 2001), моро бо вазъи омўзиши масоили мухталифи равобити фарҳангӣ дар Тоҷикистон муфассал ошно мекунад. Муаллиф дар нахустмақолаи ин маҷмўа ба ду савол ҷавоб ҷустааст: 1) Адабиётшиносони мо роҷеъ ба равобити фарҳангӣ то имрўз чиҳо гуфтанд ва осори кадом адибон дар маърази андешаи онҳо қарор гирифтааст?

пешина
аз 500
навбатӣ