Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Зимнан бояд гуфт, ки бо чунин шефтагӣ ва дилбастагиву садоқат боз кардани саҳифаҳои таърихи равобити адабии тоҷикон бо олмониҳову инглисҳо, фаронсавиҳову русҳо ва пайгирӣ намудани тағйири тамоюлҳо ва равандҳои адабӣ дар назму насри Аврупо ва Русия бар асари мутолиоти адабиёти форсу тоҷик хеле кам иттифоқ меафтад.
Китоби мазкур асари монографӣ нест, он маҷмўи беш аз 20 мақолаи гуногунҳаҷму мухталифмавзўъ аст, ки меҳвари ҳамаи онҳо бар таваҷҷўҳи хориҷиён ба осори адабиёти форсу тоҷик қарор гирифтааст. Пешгуфтори китобро донишманди маъруфи Олмон, забоншинос ва ховаршиноси номвар профессор Манфред Лорентс навишта, дар он аз моҳияти ин равиши адабиётшиносӣ, аз натиҷаву дастовардҳои илмии муаллифи асар сухан рондааст. Ба андешаи ў, маҳз бар асари ҷустуҷўҳои илмии Александр Ҳайзер асноди нави зиёд ба муомилоти илмӣ ворид шуд, ки аз он ҷумла нахустин тарҷумаҳои русии осори Ҷомӣ, тарҷумаҳои то имрўз номаълуми осори Саъдӣ, таърихи ошноии русҳо бо Фирдавсӣ ва адибони дигар мебошад. Баррасии рўзгору осори Рўдакӣ ва Камоли Хуҷандӣ, ки донишманди фаронсавӣ Д’Эрбело ҳанўз дар асри ХVII ба фарҳангномаи «Китобхонаи шарқӣ»-и худ ворид карда буд, таҳқиқи мавзўи Шарқ дар осори адиби олмонӣ Ҳенрих Ҳайне низ аз бозёфтҳои ҷолиби Ҳайзер ба шумор меояд.
Муҳимтарин дастоварди илмии муаллифи очеркҳо ва мақолот дар он ба назар мерасад, ки ў на танҳо манзараи умумии равобити адабии Шарқу Ғарбро вусъат бахшид, балки замони ташаккул ва густариши онро низ аз миёнаҳои асри ХІХ ба ду аср қафотар, яъне, ба поёни асри ХVII расонида, ҳамаи фикру мулоҳизаи худро бо шавоҳиди қотеъ аз сарчашмаҳои мўътамад собит намуд.
Муаллиф маводи китобро вобаста ба ҷуғрофиёи адибон ба ду фасл дастабандӣ карда, дар фасли аввал мақолотеро ҷой додааст, ки равобити адабии Аврупои Ғарбиро бо тоҷикон аз оғози садаи ХVII то нимаи асри ХІХ фаро гирифтаанд. Ин ҷо дар баробари мақолоте, ки манзараи умумии ташаккул, таҳаввул ва густариши равобити адабии аҳли адаби Аврупоро ба адабиёти форсу тоҷик матраҳ менамоянд, осоре низ манзур шудаанд, ки ҳосили андешаҳои пурвусъати муҳаққиқ роҷеъ ба адибони Аврупо ё форсу тоҷик мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор