Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чунончи, агар аз як тараф, нуктаи меҳвари шинохт таваҷҷўҳ ба осори Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём аз ҷониби аҳли адаби Аврупо бошад, аз ҷониби дигар, моҳияти масъаларо ҳунари иддае аз адибон ва мутарҷимони номвари Аврупо Гёте, Ҳенрих Ҳайне, У. Бэкфорд, Адолф Фридрих фон Шак дар иртибот бо адабиёти Шарқ равшан мекунад. Тарзи баёни муаллиф хеле ҷолибу дилписанд аст. Ў бо баршумории аснод иктифо накарда, роҷеъ ба ҳар далеле, ки аз китобхонаву бойгониҳо ба даст овардааст, нуқтаи назари хешро низ баён менамояд. Чунончи, мақолоти қисмати аввал аз тарҷумаи «Бўстон»-и Саъдӣ, ки дар Англия дар маҷаллаи «Спектейтор» соли 1711 ба табъ расидааст ва он ҷо сухан дар бораи ба дурдона табдил ёфтани донаи бечора меравад, оғоз мешавад. Ҷолиб он нукта аст, ки дар ҳавошӣ муаллиф таърихи тарҷумаҳои осори Саъдиро ба забонҳои фаронсавӣ, инглисӣ, лотинӣ мухтасар ба қалам оварда, оғози онро соли 1634 ва тарҷумаи комилро ба соли 1791 ба қалами У. Ҷонс нисбат медиҳад. Оғози равобити адабии Шарқу Ғарбро муҳаққиқ дар қарнҳои миёна ҷуста, аз таваҷҷўҳи мардуми Аврупо ба «Калилаву Димна», «Масалҳои Бидпой», «Синдбоднома», «Ҳафт ҳаким» ва ғайра хабар медиҳад. Дар асрҳои ХV-ХVI, ки замони кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ маҳсуб меёбад, таъсири адабиёти Шарқ дар таълифоти адибон ва сайёҳони аврупоӣ Кристофер Марло «Темури Ланг», Вилям Пайнтер «Муҳаммад ва Ирена» ва «Султон Сулаймон» падид меояд. Дар асри ХVII алоқаҳо боз ҳам густариш меёбанд ва тасвири зиёрати қабри Ҳофиз дар ёддоштҳои Томас Херберт, сафарномаи Адам Олеарий, тарҷумаи «Гулистон»-и Саъдӣ аз ҷониби Де Рие, осори Ҳай ибни Яқзон аз ҷониби Эдвард Покок, асари энсиклопедии Бартелеми Д’Эрбело «Китобхона Шарқ» – ҳама аз заминаҳои нерўманди тарвиҷи иртиботи фарҳангии Шарқу Ғарб ба шумор меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор