Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз падидаҳои муҳимтарини ҷараёни адабӣ дар Аврупои асри ХVIII ташаккул ёфтани раванде бо номи «повестҳои шарқӣ» буд, ки асоси онро «Номаҳои форсӣ»-и Монтескйе ва повестҳои Волтер гузоштаанд. Тадқиқи муфассали ин падидаи адабӣ дар заминаи насри маорифпарварии англис, аз ҷумла осори Аддисон, Стил, Сэмюэл Ҷонсон ва Оливер Голдсмит муаллифро ба хулосае мерасонад, ки «маҳз дар охири асри ХVII ва дар тўли асри ХVIII ҷараёни ба ҳам наздик омадани ду суннати бузурги фарҳангӣ оғоз ва густариш пайдо кард, ки ба шарофати он марворидҳои асили Шарқу Ғарб дар «тоҷи заррини» адабиёти ҷаҳон ба ҳам пайвастанд» (с. 41).
Қисмати охирини бахши аввали китоб «Ривоятҳо ва аснод» унвон гирифтааст, ки аз мақолоти илмиву оммавӣ фароҳам омада, сабки нигориши нависанда низ ба ин навъи таълифот созгор шудааст. Ин ҷо сухан дар бораи ошноии мағрибиён бо Фирдавсиву Хайём ва Хоҷа Насриддин, роҷеъ ба интишори ривоёти қадима перомуни ин ашхоси бузурги адабӣ ва қаҳрамони насри ривоятии тоҷик дар Аврупо ва хидмати донишмандон, шарқшиносон ва адибони Ғарб дар шиносонидани ин чеҳраҳо меравад.
Фасли дувуми маҷмўа «Адабиёти тоҷикон дар Русия аз охири асри ХVII то нимаи асри ХІХ» маҳсули андешаи муҳаққиқ оид ба таваҷҷўҳи аҳли адаби Русия ба адабиёти форсу точик буда, дар мақолоти он сарчашмаҳои муҳими шарқшиносии рус, саъдишиносӣ дар Русия, заминаҳои таълифи шеъри «Тақлид ба Қуръон»-и А. С. Пушкин мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар мақолаи «Екатеринаи Бузург ва Саъдӣ» муаллиф аз ҳунари нигорандагӣ ва тарҷумонии маликаи рус маълумот дода, дар шумораи 69 соли 1769-и маҷаллаи «Всякая всячина» ҳикоятеро бидуни зикри номи муаллиф нақл мекунад. Муаллифи асар ин ҳикояро аз боби аввали «Гулистон»-и Саъдӣ пайдо мекунад: «Подшоҳеро шунидам ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар он ҳолати навмедӣ ба забоне, ки дошт маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд:
Ҳар ки даст аз ҷон бишўяд, ҳар чи дар дил дорад, бигўяд:
Вақти зарурат, чу намонад гурез, Даст бигирад сари шамшери тез…

пешина
аз 500
навбатӣ