Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРЕ АЗ КАНОРИ РЎДИ ОМУ

Моника Витлок «Beyond the Oxus The Central Asians» –
«Қад-қади рўди Омуи Осиёи Марказӣ».–Лондон, 2002.

Соли 2002 дар Лондон таҳти унвони «Қад-қади рўди Ому» китобе интишор ёфт, ки ба қалами хабарнигори инглисзабон Моника Витлок мансуб аст.
Моника Витлок соли 1992 ба Афғонистон сафар мекунад ва солҳои 1995-1998 ба ҳайси мухбири BBC дар Осиёи Марказӣ ба шаҳрҳои Душанбеву Тошканд ва Алматӣ фиристода мешавад. Аз соли 1998 ба баъд як муддат фаъолияти ў дар Эрону Сурия ва пас аз он боз ҳам дар шаҳрҳои Душанбеву Тошканд идома меёбад. Алҳол ў дар Лондон истиқомат дорад.
Ба назар мерасад, ки зиндагӣ миёни мардуми Осиёи Марказӣ барои хабарнигори инглис хеле таъсиргузор будааст. Ба вежа, чун фаъолияти ў дар ин минтақа ба солҳои пурмоҷаро ва замони сарнавиштсози тоҷикон мувофиқ омадааст, дидаву шунидаҳояш ногузир ҳаяаҷону изтиробе дар рўҳи ў барангехта, боиси интишори чунин китобе шудааст.
Дар ин китоб Моника Витлок зимни истифода аз гуфтори шоҳидон, мактубҳои номатбўъ, дастхатҳо ва ҳикоёти рангин лаҳазоти мухталифи зиндагии мардуми Осиёи Марказиро аз оғози қарни мозӣ то поёнаш рўи қоғаз овардааст. «Қад-қади рўди Ому» як навъ хронологияи ҳаёти мардуми Тоҷикистону Ўзбекистон дар асри ХХ аст, ки муҳимтарин воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии сад соли охирро бидуни шарҳу тавзеҳ фаро гирифтааст.
Моника Витлок тасмим гирифтааст, ки бо такя бар зиндагии ду шахсияти равшану мондагори замони мо – Муҳаммадҷони Шакурии тоҷик ва Муҳаммадҷон Ҳиндустонии ўзбек ҳодисоти таърих ва асари онҳоро бар сарнавишти мардуми ин диёр бидуни ҳиссиёти субективӣ ба қалам орад.
Китоби мазкур аз пешгуфтор, сенздаҳ боб, сарчашмаҳои илмиву адабӣ ва аксҳои таърихӣ фароҳам омадааст. Дар оғоз сухан аз мақбараи Ҳаким ат-Тирмизӣ рафтааст, ки марзҳои Тоҷикистону Ўзбекистонро ба ҳам мепайвандад. Чунин ибтидо гирифтани асар, фикр мекунем, ишораи мармузест ба ҷуғрофиёи муштарак ва қисмати шабеҳ ва, дар айни ҳол, нотакрори мардуми ин ду кишвар.

пешина
аз 500
навбатӣ