Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳафтае ду маротиба дар хонаи ў шоирону олимон ҷамъ меомаданд ва дар маҳфилҳои эшон, ки «равшангарон» ном гирифта буданд, ашъори шоирон қироат мешуд, мушкилоти ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, ислоҳоти андозсупорӣ, роҳҳои пешгирии ришвахўрӣ ва дигар масоили мубрами замон баррасӣ мегардид. Таъсиси рўзномаи нахустини тоҷикӣ «Бухорои Шариф» низ маҳсули заҳмати равшангарон буд. Аммо ин рўзнома дер напоид ва ҳокими Бухоро Амир Олимхон бо вуҷуди он ки марди босаводу забондон буд, дар зери фишори қозиёт барои бастани рўзнома супориш дод.
Дар боби дигари китоб, ки «Сафар ба торикӣ – муҳоҷират дар қад-қади Ому» ном гирифтааст, сухан аз оғози инқилоби шўравӣ ва муҳоҷирати мардуми зиёд ба Афғонистону Эрон, Ҳиндустону Покистон ва Туркияву Арабистон меравад.
Авҷгирии ҳаракати босмачиён дар Осиёи Марказӣ, фаъолияти зиддиинқилобии Иброҳимбеку Фузайл-махсум дар Тоҷикистон, воқеаҳои сиёсии Афғонистон, фирори шоҳони тоҷики Афғонистон Амонуллоҳу Ҳабибуллоҳ аз кишвар ва ба ҷои онҳо ба сари ҳокимият омадани пуштуҳо, таъқиби тоҷикону ўзбекон, талафоти ҷонии онҳо дар бозгашт ба ватан, тақдири Амир Олимхон дар Кобул, сиёсати дохилии Шўравӣ дар муносибат бо босмачиён ва муҳоҷирон мўҳтавои ин бобро ташкил додааст. Воқеаҳои солҳои 1928-1939, таъсиси колхозу совхозҳои нахустин, барномаи панҷсолаи аввал, кулак эълон шудани баъзе ашхос аз мардуми миёнаҳоли Осиёи Марказӣ, сиёсати нави иқтисодии шўрави, гуруснагии мардум, душмани халқ пиндоштани муллоҳо ва саргардонии онҳо бар асари таъқибот дар мисоли зиндагии ду қаҳрамони асосии асар бо тафсилоти зиёди ҷузъӣ ба тасвир омадааст. Масалан, марҳалаи гирифтани шиносномаҳо дар Тоҷикистон чунин инъикос шуда, ки комиссиони махсус мувофиқи ҳолати дандон синну соли одамонро муайян мекард ва шиноснома медод. Табиист, ки тибқи ин усул синну соли аксари мардум хато сабт мешуд.
Чунончи, соли таваллуди Муҳаммадҷон Шукуровро 1926 навиштанд, ҳарчанд ки ў дақиқан дар хотир дошт, ки санаи таваллудаш 30 октябри соли 1925 буд.

пешина
аз 500
навбатӣ