Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимни тасвири таҳсили Муҳаммадҷони Шакурӣ дар Институти педагогӣ муаллиф аз раванди таълим дар донишкада, нерў гирифтани забони русӣ, ба тадриҷ ба либоси аврупоӣ одат кардани зиёиён, ҷалб кардани талабагони хушсалиқа аз ноҳияҳо барои таҳсил дар макотиби олӣ, бо либосу хўрок таъмин намудани онҳо ва ғайра маълумот медихад.
Эҳсоси бузурги ватанпарварӣ дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ, барқарор кардани заводу фабрикаҳо пас аз ҷанг, рушди рўзафзуни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, пешрафти илму маданият, фестивалҳои сайёри синамо аз маърази таваҷҷуҳи рўзноманигор дур намондааст.
Дар баробари ин, ў кўшиш намудааст, ки ба ҳар воқеа аз якчанд дидгоҳ нигарад. Чунончи, Элла – шаҳрванди Полша, ки ба Тоҷикистон барои зиндагӣ омада буд, Душанберо «Ҷаннати рўи замин» меномад.
Аммо дар қиёс бо Тошканд имкони камтари рушди Душанберо муаллиф дар сиёсати ҳукумати шўравӣ мебинад.
Айни ҳамин ў ишора мекунад, ки имкони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар қиёс бо ҷумҳуриҳои дигари Шўравӣ зиёд набуд, зеро аз ин ҷамоҳир ба вазифаҳои роҳбарии давлат афроди ангуштшумор интихоб мешуданд.
Масъалаи дигар – зиндагии мардуми деҳот буд, ки бештар аз нисфи халқи Тоҷикистонро ташкил медод, вале сатҳи зиндагии онҳо бо мардуми шаҳр баробар набуд.
Як нуктаи дигар, ки таваҷҷўҳи нигорандаро ҷалб намудааст, муҳоҷирати маҷбурии мардум дар ин солҳост. Барои азхуд кардани водии Вахш ҳазорон нафар мардум аз манзилҳои худашон кўчонида, ба ин водӣ фиристода шуданд.
Раванди иҷбории кўчо-кўч бо талафоти маънавию молӣ аз як тараф, ва меҳнати фидокоронаи мардум баҳри ободии диёр, аз ҷониби дигар, мавриди назари нависанда қарор гирифтааст.
Мубориза барои нигоҳ доштани забони миллӣ ҳамчун пайомади табиӣ дар баробари нерўмандии рўзафзуни забони русӣ муаррифӣ шудааст.

пешина
аз 500
навбатӣ