Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Яке аз нуктаҳои ҷолибе, ки роҷеъ ба ин китоб қобили зикр аст, фарогирии маводи фаровон аз раванди таъриху корномаи сиёсатмадорон, сарнавишти чеҳраҳои равшани фарҳангиву зиндагии мардуми оддӣ дар шаҳру деҳот, ҳамчунин фаъолияти мардуми хориҷӣ дар ин кишвар аст, ки дар маҷмўъ барои инъикоси воқеаҳои як қарни пурзиддияту пурҳаводис аз дидгоҳи мухталиф замина фароҳам овардаанд.
Бо аксҳои таърихӣ, ки баёнгари ростини воқеот ва далели боризи лаҳазоти гуногуни ҷараёни ҳаводисанд, таъмин кардани китоб арзиши онро афзудааст. Ҳамчунин барои ошноии муфассал бо таърихи Тоҷикистону Ўзбекистон дар сад соли охир муаллиф китобномаеро низ барои хонандагон пешниҳод мекунад, ки амали писандида аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки асари Моника Витлок дар ҳоли ҳозир аз навиштаҳои камшуморест, ки мардуми ҷаҳонро бо сарнавишти халқи мо ошно мекунад.
Муаллиф кўшиш кардааст, ки воқеанигори беғараз бошад, аммо ба илали касрати асноди мухталиф хонанда миёни онҳо раҳгум мезанад. Зоҳиран гўё тартиби хронологӣ дар китоб риоя шудааст, аммо пешу қафо бурдани воқеаҳо хеле зиёд ба назар мерасад ва ин гузаришҳо гоҳе пайванди мантиқии худро гум мекунанд ва ба ҷаҳишҳои ногаҳонӣ шабоҳат доранд.
Ба хотири воқеанигории беғаразона муаллиф аз таҳлил даст кашидааст, аммо нигоҳи шахсии ў ҷо-ҷо буруз кардааст, бинобар ин, беҳтар мебуд, ки ў дар шарҳи воқеот низ кўшише ба харҷ медод.
Фардои инсон бо орзу равшан аст, аммо ишораҳои муаллиф дар охири китоб роҷеъ ба он, ки мардуми мо ба фардои хеш бовар надоранд, мутаассифона, нигоҳи муаллифро низ ифода мекунад.
Ҳароина, «Қад-қади рўди Ому» асари ҷолибест, ки аз лаҳзаҳои пирўзиву нокомӣ, нишоту бадбахтӣ, изтиробу корнамоии халқҳои ин сарзамин бо ҷузъиёти фаровон иттилоъ медиҳад ва сарнавишти ду шахсияти мондагори замон Муҳаммадҷони Шакуриву Муҳаммадҷони Ҳиндустониро дар раҳгузари тунди ҳодисоти айём бозгў менамояд.
Соли 2004

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор