Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъзе нафарони боҳавсала ва дурандеш аз овони ҷавонӣ дафтари хотирот доранд ва ҳар рўз дар он муҳимтарин воқеаҳо ва бардоштҳои худро қайд мекунанд. Аммо нависандаи мо, ба қавли худаш, боре ҳам ба даст қалам гирифта, кору бори ҳаррўзаашро нанавиштааст ва дафтари қайду хотирот низ надорад, бинобар ин, танҳо ба нерўи ҳофиза такя кардааст.
Дар ин бора худи муаллиф мегўяд, ки «ҳангоми иншои ин ёддоштҳо камина борҳо аз баъзе хусусиятҳои хотираю ҳофизаи инсонӣ хеле ба ҳайрат омадаам. Азбаски дар бадали ин муддат ғайр аз таснифи ин ёддошто хеҷ дигар коре надоштам, тамоми ақлу ҳуш ва фикру зикрам ба саҳифаҳои зиндагии хеш, волидайн, дўстони айёми бачагӣ, марҳалаҳои минбаъдаи фаъолияти меҳнатӣ, муошират бо одамони гуногун дар Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он нигаронида шуда буданд, аксаран лаҳзаҳои алоҳидаи ҳаётамро дар хоб медидам». Ин нукта, ки муаллиф лаҳзаҳои фаромўшшудаи зиндагиро дубора дар хоб медидааст, моро ба табиати тафаккури инсонӣ, фаъолияти майнаи сар ва ҳофизаи ў ва хусусиятҳои хоб низ мутаваҷҷеҳ мекунад. «Хеле аҷиб, ки бисёр саҳифаҳои ноаён ва фаромўшшудаи зиндагии айёми ҷавонӣ ҳангоми хоб возеҳу равшан дар пеши назар пайдо мешуданд. Ҳатто чеҳраҳо, калимаву ибораҳои замоне шунида, дар вақти хоб айнан такрор мешуданд ва рўзона онҳоро саросема рўйи коғаз сабт мекардам».
Ш. М. Султонов фарзанди ду замон, ду давраи комилан мутафовити таърихӣ ва иҷтимоиву иқтисодист, ки ба тамоми ҳаводиси айём нигоҳи инфиродӣ ва муносибати хоси худро дорад. Тавассути ин ёддоштҳо мо сайре ба таърихи замони гузашта – ба даҳсолаи охири нимаи аввал ва нимаи дувуми садаи бист ва оғози асри нав мекунем, бо муҳимтарин воқеаҳои таърихи Хуҷанд дар асри бист, зиндагии табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, хоса зиёиён, аҳли илму маориф ва фарҳанг аз назари як фарди фаъоли замон ошно мешавем. Бинобар ин, ёддоштҳои Ш. М. Султоновро як навъ таърихнома номидан низ мумкин аст.
Ёддоштҳои Ш. М. Султонов аз тасвири давраи кўдакии муаллиф шурўъ мешавад.

пешина
аз 500
навбатӣ