Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Луқмаи ҳаром ба мисли дом аст, ки ҷаҳлу ғафлат зояд:
Луқмае, ки нур афзуду камол, Он бувад оварда аз касби ҳалол…
Чун зи луқма ту ҳасад биниву дом, Ҷаҳлу ғафлат зояд онро дон ҳаром.
6. Ба лутфу мадҳ фирефта нашудан ва кибру ғурур накардан:
Лутфу солуси ҷаҳон х (в)аш луқмаест, Камтараш хўр, к-он пуроташ луқмаест.
III. Маонии динӣ 1. Ҳар ки дасти ниёз ба Худованд мебарад, аз лутфи ў бархурдор мегардад:
Ҳар дамаш ҳар нома, сад пайк аз Худо, Ё Рабе з-ў, шаст лаббайк аз Худо.
2. Қиёси комил бо ноқис аён мекунад, ки инсони комил ба ҳазор ранҷу азият худро тарбия намуда, аз тааллуқоти моддиву тамаъву ҳирс раҳо ёфта ва чашми ботинаш боз шудааст.
Бинобар ин, инсони комил маҳбуби Худост:
Комиле гар хок гирад, зар шавад, Ноқис ар зар бурд, хокистар шавад.
Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост, Дасти ў дар корҳо дасти Худост.
Дасти ноқис дасти шайтон асту дев, З-он ки андар дом таклиф асту рев.
3. Гиряи ҳамешагии Одам баҳри узру тавба, ки бунёд бар қиссаи гуноҳи Одам, гиряю тавбаи ў ва лутфи Худо дорад:
З-он ки Одам з-он итоб аз ашк раст, Ашки тар бошад дами тавбапараст.
Баҳри гиря омад Одам бар замин, То бувад гирёну нолону ҳазин.
4. Бовар ба қудрати илоҳӣ, ки ба ҳама кор қодир аст:
Авлиёро ҳаст қудрат аз Илоҳ, Тири ҷаста боз орандаш зи роҳ.
5. Дил ба Худо додан. Тавонгарон ба ҷисми одам соҳибанд, вале соҳиби дили одам Худованд аст:
Соҳиби деҳ подшоҳи ҷисмҳост, Соҳиби дил шоҳи дилҳои шумост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё