Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Зайдулмои моҳи мо,

Тура гирад оҳи мо.

Зайдулмо дар таи тут,

Мепӯшад сурху кабут,

Месӯзад хонаи шут,

Зайдулмои моҳи мо,

Тура гирад оҳи мо.

Зайдулмо чиҳо кардӣ?

Ба афғон савдо кардӣ,

Рӯи худ сиёҳ кардӣ.

Зайдулмои моҳи мо,

Тура гирад оҳи мо.

\* \* \*

Худукут хирмани гул,

Қадукут хирмани гул,

Сар то қадамут гул,

Даҳанут гул, баданут,

Пираҳанут гул.

\* \* \*

Дастма бурдум ба печат,

Рӯи сафеди кулчат,

Ба қумғоли ятимчат.

ШЕЪР АЗ БОЗИИ

ҚАДИМИИ КУДАКОНА

Атикан, тутманикан, монисикан,

Маҳтобро, офтобро,

Дег-деги самарқандӣ,

То филла пазад бибӣ,

То сер хурад тутӣ,

Эй тутии тутагон,

Эй духтари дуррдандон,

Як ҳалқата биҷунбон.

АШЪОРИ ҲАЗЛОМЕЗ

БАРОИ КУДАКОН

Қумб-қумби фохта,

Ба ҷамоли кистӣ?

Ба ҷамоли (ҳ)абашӣ,

(Ҳ)абашӣ хора кашӣ.

Корд(ҳ)ора тез кун,

Ба сари кал маҳмез кун.

Як кампири кур омад,

Аз раҳаки дур омад.

Ошуш додум дар чумча,

Муштуш задум дар арқа,

Хилмуш парид дар кандан,

Кандана кофтум, кофтум,

Кандан ба мо дарзеке дод.

Дарзека бурдум ба хирман,

Хирман ба мо ғаллеке дод.

Ғаллека бурдум ба осиёб,

Осиёб ба мо ордаке дод.

Ордака бурдум ба нова,

Нова ба мо хамере дод.

Хамера бурдум ба тахта,

Тахта ба мо ростаке дод.

Ростака бурдум ба дегдон,

Дегдон ба мо пухтаке дод.

Пухтака бурдум ба ҷиям,

Ҷиям ба мо ҷиҷике дод.

Ҷиҷика бурдум ба додим,

Додим чапоти сузоне дод.

\* \* \*

Буд-набуд будгор буд,

Замин набуд шудгор буд.

Як кали айёр буд,

Ба кор бемор буд,

Ба хурдан тайёр буд.

Дар заминуш мор буд,

Мори гундушкхор буд.

\* \* \*

Маҳтобук лаби рузан,

Гаҳ торику гаҳ рушан,

Лай кун, бачаме, лай кун.

Рустам ба шикор рафтаст,

Пас гаштаву хоб рафтаст,

Лай кун, бачаме, лай кун.

Афсона ба сӣ сона,

Чил мурғук да(р) як хона.

Лай кун, бачаме, лай кун.

Да(р) тоқуки ганҷина,

Як тепуку як сина.

Лай кун, бачаме, лай кун.

\* \* \*

Пишук-пишук, короте,

Дум-думи руболоте,

Рафтани зебокоте,

Муза намонд да(р) поте.

\* \* \*

Дангон бача дангоне,

Шухи садафдандоне,

Чупони бурбаргоне,

Баргона хурд гургоне,

Бача омад гирёне.

\* \* \*

Ҷонбача бозӣ мекард,

Замонасозӣ мекард.

Навбат, ки бар мо расид,

Ҷомаш дарозӣ мекард.

\* \* \*

Бачаҷони тиллоӣ,

Қевут кунум биёӣ,

Ба сари пули шоҳӣ.

Аз дур менамоӣ,

Ин қадар камнамоӣ.

\* \* \*

Аз боло ов миёяд, дилум дилум дилума,

Бӯи палов миёяд, дилум дилум дилума.

Хонека ҷоруб занед, дилум дилум дилума,

Бачаи мо миёяд, дилум дилум дилума.

Бачаҷони ҷонона, дилум дилум дилума.

Қадуш қади дулона, дилум дилум дилума.

Дулонара об бурдаст, дилум дилум дилума.

Бачаҷона хоб бурдаст, дилум дилум дилума.

\* \* \*

Кишто киште кишто кишт,

Бачам давид, зад ба пушт,

Пишук омад пуштша лишт.

Кишто киште кишто кишт.

\* \* \*

Ҷонум ба гирди сарут,1

Билло, мешам навкарут.

Бигардум гирди дарут,

Ту шоҳу му навкарут.

\* \* \*

Аз хона кардем сафар,

Модари мо бехабар,

Дар Пиш шуд мошин авар,

Аҷаб азоб кашидем.

Аз мошини Наҷимхон,

Аз ӯ кафид ду балон,

Ҳамамон мондем ҳайрон,

Аҷаб азоб кашидем.

Дар Ғожак менишастем,

Ба шофир нигаристем,

Ба ҳоли ӯ гиристем,

Аҷаб азоб кашидем.

Мошин овардан ба мо,

Таги по(й)мон мондан коҳ,

Даромадем боз ба роҳ,

Аҷаб азоб кашидем.

1 Гӯянда: Ғоибназарова Лаълбегим (1943), зодаи деҳаи Баршор, сокини ш.Маскав. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2014.

пешина
аз 41
навбатӣ