Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲО
Агар бинӣ намешуд, и чашм ӯ чашма мехурд.
Аз пашша фил сохтан.
Аз гургхурда – пуст.
Аз бекорӣ – кадукорӣ.
Аз пишук чӣ меруяд? – Мяв.
Аз мард бурут, аз зан муй.
Ай кори бад пушаймонӣ.
Ай дӯст ҳарчӣ расад, накуст.
Ай гап гап мехезад.
Ай найнавоз як пуф.
Арзуна гундушк мехурад, калтук ба ҷони будана.
Аспи сур аз гала дур.
Ба аспи хуб як қамчин, ба одами хуб як сухан.
Ба афғон нумук надеҳ, ба ёбу ҷав, афғон курнамак асту ёбу камдав.
Ба бӯи хода нашав, буттаро қап.
Ба доно кор осон.
Ба хар, ки зуруш нарасид, ба полунуш мезанад.
Ба як ҷавонмард чил ҳунар кам аст.
Ба хонаи дӯсти худ бисёр марав,
Ҳарчанд азизӣ, оқибат хор шавӣ.
Банд дар борикӣ меканад.
Барои як кайк пустинро насузон.
Бегона агар вафо кунад хеши мануст,
Хеше, ки вафо накард, дилреши мануст.
Бе меш бошу бе хеш не.
Болои сӯхта намакоб.
Бори вазнин – зарари ҷон.
Бори каҷ ба манзил намерасад.
Боҷа боҷара дӯст медораду гов кунҷорара.
Бузак бузак намур, ки ба(ҳ)ор ояд.
Буз да(р) ғами ҷону қассоб да(р) ғами чарбу.
Гадо ба гадо, паноҳи ҳарду-ш ба Худо.
Гиреҳи даста ба дандон накун.
Гандум ҳама ҷо, кайбону ҷо-ҷо.
Гапта дандон бзан.
Гови қисир душмани гусола.
Гови калон, да(р) дари хонаи мардум гусола.
Говро, ки ай оғел буровардӣ, ҳоҷати дандонша дидан нест.
Гузар надида, чамус кашида.
Гундушк чию шӯрбо-ш.
Гӯсолаи нармз(а)бон ҳамаи гова мемакад.
Гӯсола ба думби гов, ту нухта бутов.
Гуспанди нар ба сарбурӣ.
Гурга чупонӣ.
Гушна дар хоб нон мебинад.
Дар кисаат пул намонду дар чошдон нон,
Хешон ҳама бегонаю зан душмани ҷон.
Дартароши бедар.
Дар хона, ки обу нон нест, занро писанди дил нест.
Дара задем, девор кафид.
Дасти худро каср бисозу миннати нокас нагир.
Дили одаткарда балои ҷон.
Дил, ки нахост, баҳона бисёр.
Доя кудакро дӯст медораду танбал сояра.
Дуди хонаро равзануш медонад.
Дуруғгуй – душмани Худо.
Ё коргар бош, ё корфармо.
Ё хара пеши бор, ё бора пеши хар.
Забони мурғонро мурғон медонан (д).
Зеби мард – бурут.
Кайф кайфи безанӣ, фатир пази тоқа занӣ.
Кор ай зани мардумону лоф ай зани мо.
Кури худу бинои мардум.
Кур як бор дар чаҳ мезанад.
Кур курро таъна мезанад.
Курра паси модиён.
Лоф дар ғарибӣ, тика дар торикӣ.
Луч шудӣ, бурҷа мегирӣ, гӯш на шудӣ, дашта.
Мард дар майдон, зан дар каҳдон.
Меҳмон, ки ба хонаи ту ояд, иззатуш букун, ки боз ояд.
Мо дузд шудем, шаб маҳтобӣ.
Модара бин, духтара бар.
Мор ба эчаи худ рост медарояд.
Моргазида аз банди ало метарсад.
Моргазидаро хоб мебараду гӯш наро не.
Мулло хар дошт, харуш навкар.
Муши берун омад, муши хонаро ҳай кард.
Накукорӣ аз пуркорӣ.
Нашикан ту нони касро, ки падар надида бошад.
Нони мулло хурдӣ, ҷони мулло хурдӣ.
Оби дари хона тира, духтари ҳамсоя хулминин.
Оби рехта ҷамъ намешад.
Одам ба сухан мераваду ҳайвон ба банд.
Пагаҳхезиро аз кӣ ёд мегирӣ? – Аз ҳамсоя.
Пагаҳхезӣ – бехи саломатӣ.
Роҳи муш ба осиёб.
Рӯзи пагаҳта бегаҳ накун.
Рӯи сафеди маро ришум сиёҳ кард.
Руққос, ки руққосӣ натонист, мегад пога(ҳ) танг.
Санги тобистон, қути зимистон.
Серро аз ҳоли гӯш на чӣ хабар.
Сухангирӣ – бехи давлат.
Тавари мардумон зеркундаш санг.
Тире, ки зи мо гузашт, нишонуш бари санг.
Тире, ки аз камон баромад, пас намегардад.
Фалакро бубин ба ҳоли дурушт,
Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт.
Фарзанди халаф диҳад муродам, ҳар нохалафе диҳад ба бодам.
Харбузара бухур, туро ба полез чӣ кор.
Хешӣ ба хушию савдо ба мурод.
Холаи ҳамакора, ҳамаи коруш нимкола.
Хоҳарзода ба сӯи холук.
Худкардаро даво нест.
Хурдагиҳо пушаймон, нохурдаҳо дар урмон.
Хурус дар ҳама ҷо як хел бонг мезанад.
Чашми бад санга мекафонад.
Чизе надеҳ дарвешро, чизе нагу дарвешро.
Шиками серро бақое нест, бадтар аз гӯш нагӣ балое нест.
Ғайбатчӣ рӯи худро сиёҳ мекунад.
Ғалла дар чаҳ, бача дар ҳасрати кулча.
Қанд (ҳ)ам хурдӣ, дам назан, фанд(ҳ)ам хурдӣ, дам назан.
Ҳама чиз садқаи сару сар садқаи номус.
Ҳамсояи ту хуш хурад, ту хуш хоб равӣ.
Ҳар ки буд ба зиндагӣ, баъд ки мурд ба гандагӣ.
Ҳарчанд хасум, ба ту басум.
Ҳар ҷо, ки сангуст, ба пои бузи лангуст.
Ҷое, ки лабаст, ба дандон сабр аст.
Эй боди Вахон ту хер-махерум кардӣ,
Гӯшома буридӣ, аз ҷон серум кардӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё