Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Саги тару паси дар.

Саг меҷахад, корвон мегузарад.

Садо аз ду даст мебарояд.

Сад рӯз ба гирди кору як рӯз ба гирди ёр.

Санге аз кӯҳ афтад, сад сангро беҷо мекуна.

Сар, ки ба дастор аст, лоиқи гуфтор аст,

Сар, ки ба дастор нест, лоиқи гуфтор нест.

Табақ омад, сабақ бархест.

Талқон да(р) да(ҳа)нашу дамуш гир.

То бо чушмут набинию бо гушут наш(у)навӣ, гапро бовар накун.

То оне, ки дам аст, ғам аст.

То реша дар об аст, умеди самаре аст.

То ки ҳастӣ дар сари нону намак, як кас мегад тағою сад кас амак.

Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт.

Ту мура да(р) хок, му тура да(р) хокистар.

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

Варна нохуш гузурад, ними нафас бисёр аст.

Фарбе(ҳ)гира фақат гусфанд мебардорад.

Хар агар Макка равад, боз ояд аму хар.

Харуш аз овринг гузашт.

Хар ҳамон хару полонуш дигар.

Хар – дар рег.

Хобҷогаҳта бубину пота дароз кун.

Хонаи гург бе устухон намешавад.

Худо ба ҳама диҳаду аз мо фаромӯш накунад.

Худо додаст туро моли фаровон,

Ту канносӣ кунӣ, касро чӣ товон.

Худситоӣ пешаи шайтон бувад,

Ҳар ки худро кам занад, инсон бувад.

Хурдани бисёр раҳи аҷалро намегирад.

Хурди калонкор.

Чиз аз паи ҷон аст, на ҷон аз паи чиз.

Чизе, ки дар дег бошад, дар кафлес мебарояд.

Чизита сахт бигиру ҳамсоята дузд нагир.

Чӣ бугум, ки ай гуфтанум ногуфтанум беҳ.

Чӣ бугум, ба кӣ бугум.

Шаб дарозу Худои кор соз.

Шамшери каҷа ғилофи каҷ мебояд.

Шанбе зи худ кам макун, якшанбе – зи моли худ.

Шаҳри якчушма рафтӣ, як чушмта кур кун.

Шуд овӣ, нашуд лалмӣ.

Шутура ба чумча об додан.

Шутура чию полезкорӣ.

Як дари баста, сад дари кушода.

Як осмону панҷ маҳтоб.

Якта ба ман хешу да(ҳ)та ба хешони ман хеш.

Як рӯз бошу хурус бош.

Ғалбели тангбезум, сунори бамаҳмезум.

Қади баланд ба тутхурӣ, қади паст ба обхурӣ.

Қа(ҳ)рут хест, лавта бугаз.

Қатра-қатра дарё гардад.

Қурбон шавам Худора, як бому ду ҳавора.

Қурбоқа гуфтаст: бур-бур кунум об да(р) да(ҳ)анум пур меша, накунум, дилум мекафа

Ҳамон коҳу ҳамон дос.

Ҳар кас, дар гури худ хоб меравад.

Ҳар кӣ парид, чарид, ҳар кӣ хоб кард, хоб дид.

Ҳар кас, ки надонад ҷои хар бастани хеш,

Ҳам гардани хар бандаду ҳам гардани хеш.

Ҳарҷо, ки расад сумбу соқи Қатаған,

Не мурда кафан ёбаду не зинда ватан.

Ҳақ гуфтуму носазо шунидум,

Сазои сарум, ки ҳақ бигӯ фтум.

Ҳеҷ зоғ бе доғ нест.

Ҳеҷ шинанда раванда нашудаасту ҳеҷ раванда – шинанда.

Ҷавоне, ки беадаб бошад, гар ба пирӣ расад, аҷаб бошад.

Ҷони нодон дар азоб.

Ҷондорукум сиҳат бошад, верак паси дар.

Ҷақ-ҷақуко ру-рӯи бом, хап-хапуко коршон тамом.

Ҷоруби нав тоза мерубад.1

Аблаҳ як ваҷаб ҷора медона.

Аввал нон – баъд имон.

Ай хирс му кандан.

Ай морбача мор меруя.

Ай ов гузаронд.

Ай дасти зани ганда, ҷурғот намебанда.

Ай ростӣ, ки гилам мебофа.

Ай санг ҷувоб, асту ай ту не.

Ай сояш метарса.

Ай ту дил неву санг.

Ай худут бубин.

Ай хурда чукидуш.

Ай пушти як кайк гилама сухт.

Алба, муш болот парид.

Аловшурук наша.

Аҷаб дасти кушод дора.

Аҷаб бетурумӣ.

Баъди ханда гиря.

Ба гандара зан мадеву тухмуш букана.

Ба гӯштӣ мебарано?

Ба дидан сер мешаё?

Бисёр пуртук накаш.

Балора ба ту кор нест, тура ба бало чӣ кор?

Боло туф кунӣ, да(р) рут мезана.

Ба пинуки сузан гузарондуш.

1 Гирдоваранда: Ширинбек Давлатмамадов.

Бра, ки даштуст.

Ба ту мегум, ё ба девол?

Бахт да бозор нест.

Бӯи (ҳ)афт хари мурдор мезана.

Ба як тир – ду нахчир.

Гандаи худут, нағзи мардум.

Гапуш назанан(д), ки духтари шоҳи Эронуст.

Гова ба пеши корд мебарано, ё корда ба пеши гов.

Гузина нони ҷавин бона.

Г(у)ла бу мекунан, гандаро не.

Гули майлис шудаст.

Гусола то кадон медава.

Гург чупонӣ намекуна.

Гурми дилуш пухт.

Гушти баданма бухурум.

Да(р) бари ҷар бдаё?

Да(р) девэча задаё?

Да(р) замбурэча, ки санг партой.

Да(р) сари Звордараё?

Да(р) сарум ови хунук рехт.

Да(р) хамер му мешура.

Да(р) хамермодонуш каҷуки орд нест, мега серум.

Да(р) ҷувонишам ичӣ набуд, оли ку пируст.

Да(р) шпуш сувор шдаё?

Да(р) шурвои мо сухт.

Дев кира мезана? – Пустинакира.

Дила болои гурда бмон.

Дилша ки нафора, бмонуш бирава.

Даста ба косаи тар намебара.

Ду по да як чамус.

Дур нара, гургут нахура, қариб наё, шаклта набинум.

Духтарина – санги флахмон.

Зубонуш гирди саруш мепеча.

Имсол задум сумба, соли дига меҷумба.

Ишқ дарди бедавост.

Ка(ҳ)дон будӣ, холӣ шудӣ.

Кал доим тоқӣ мешура.

Каргас вахти мурдан Помер мера.

Лави таблук омадаст.

Мо ёри равундаем, ами каппа басуст.

Нест мулки пударут, хандақи пеши барут.

Нона ба гадоӣ намёва, да боғи зоғон риданӣ.

Осиёв ба навбат меган.

Пас мебина, пеш медава.

Пеш аз туй тум-тум.

Пишука пову қудумуш.

Пишукша пиш намеган.

По ба лави гур.

По неву сапал.

Пустут чанд ҷувол ка(ҳ) мебара.

Пустинма чапона напушм.

Руба ё шер омадӣ?

Рулушмки та(ҳ)хароб.

Рута Худо бибина.

Рут ба куни дег.

пешина
аз 41
навбатӣ