Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Шакидан – нарм кардан
Шалу тарит – хаста, беҳол, бемадор
Шам – шавам
Шандақ – сабукпо; беҷогард
Шаппидан – задан; тарсонидан
Шаппондагӣ – офатзада, тарсондагӣ
Шаран – обпарҳои калони кӯҳ ӣ
Шатта – тела задан
Шаф – туфи даҳон, луҳоб
Шах – кӯҳ
Шаҳмард – домод
Шемон – пушаймон
Шеша – шиша
Шдирм – меваи як навъ растании буттагии кӯҳӣ
Шинг-шинг – садои ҷисми оҳанин (дастбанд, муҳра)
Ширдон – дарунравии кудакони ширмак
Шиштан – нишастан
Шкана – боқимондаи хурок
Шукулук – ҳавола додан
Шу – шавҳар
Шлапук – мавҷи об
Шлах – бараҳна, урён
Шмут – кутоҳ
Шогун – Навруз
Шоин – шоҳин
Шондум – шинондум
Шола, шолек – ҷои нигоҳ доштани ҳайвони майда дар айлоқ
Шоту – нардбон
Шохнафир – нописанд
Штарӣ – чӣ хел?
Штақӣ – ҳамворӣ
Штқарӣ – одами ситорахунук, нафратангез, қабеҳгӯй
Шупук – зарф аз саргини ҳайвон барои нигоҳ доштани пашм, кабкчуҷаҳо (дар аҳди қадим)
Шуридан – кофтан, ҷустуҷӯ кардан
Эча – лона
Ягала – як гурӯҳ
Якзар – якчанд
Яксуна – яктарафа
Якта –курта
Яна – хоҳари шавҳар
Ғ
Ғавр кардан – ҷамъ шудан дар гирди касе ё чизе
Ғажд – ифлос
Ғалбел – элак
Ғамӣ – хаста, монда
Ғангидер – ҷойноми кӯҳдараест наздики деҳоти Авҷу
Мулвоҷ
Ғараз нагир – нарас
Ғардез – номи як мавзеъ дар Ғорон
Ғарғара – ресмон
Ғафера –пасмондаи хӯрок
Ғилч – дарду доғ, армон
Ғрап – сахт, маҳкам кардан
Ғубач – чиркин
Ғудора – косаи гилин
Ғумча – химча
Ғунаҷӣ – гусолаи навзоида
Қ
Қабот – зирак, ҳушёр
Қавза –даста, қавзаи гул – гулдаста
Қавоид – варзиш
Қалот – манораи баланде, ки аз санг месозанд
Қалтоқ – айёр, шайтон; чусту чолок
Қайсангул – хоҳари зан
Қайсар – безор
Қайсоқ – ғилофаки муҷук (намуди зироати лубиёгӣ)
Қайт – маккор, ҳилагар, бахил
Қапқулоч – дастдарозӣ кардан
Қарина – наздикон
Қарчиғай – паҳлавон, бачамард
Қаст – қасд
Қатӣ – ҳамроҳ
Қев – фарёд
Қил – тори муй; қили чанор – дарахти сузанбарг
Қилат – нозук
Қиноат – қаноат
Қисир – нозоида; гови қисир – гови нозоида
Қлумсих – гапи зишти тезутунд
Қол – сангчаҳои кулула барои бозии духтарон
Қулба – шудгор
Қулоч – қадам, гом задан
Қулоғ – масхара, писханд
Қулумбоқ – ба сар паҳлу гардондан, хез задан
Қуйқрим – гиряву нола
Қумоч – нони таги алов
Қумғол(а) – номзад (ба шаҳмардӣ, ба арусӣ)
Қунҷуға – пассавори болои зин
Қурма – таоми болаззатест, ки аз гӯшт тайёр карда мешавад
Қурмут – азбехбуридашуда, паст
Қурумб – кулӯхсанг
Қурумсор – сангсор
Қулут – фурӯ бурдан
Қуруғ – гирдогирд девор задан
Қурут – маводи ғизоиест, ки аз ҷурғот, дар айлоқ пухта мешавад.
Қушхона – хона барои меҳмон
Қритук – ҳалқ
Ҷ
Ҷавр – зулм, ситам
Ҷайдоқ – ҳушёру тайёр
Ҷалд – тез
Ҷалон – дурахшон (ситораҷалон, моҳҷалон)
Ҷало-ҷал – дурахшанда
Ҷар – нишеби кӯҳ
Ҷаррангос – баланд фарёд задан
Ҷат кардан – ба туй даъват кардан
Ҷахидан – аккос задани саг
Ҷаҳт – боис, аз ҷаҳти – аз дасти, аз барои
Ҷеб – киса
Ҷез – туҳфа аз хонаи падар ба духтари шавҳардор
Ҷиён – ҷаҳон
Ҷиррингаст – садои оҳан
Ҷия – модар
Ҷиҷӣ – шири модар
Ҷирай – як навъи гил (барои танур ва дегдон истифода мешавад)
Ҷондор – меши нар, қушқор
Ҷо(й)га(ҳ) – бистари хоб
Ҷувозук – санге, ки дарунаш чуқурӣ дорад (барои кӯфтани гандум)
Ҷувол – халта, қоп, буҷӣ.
Ҷул – полони хар ва асп
Ҷундӣ – девона
Ҷураи – монанди, ба мисли
Ҷғел – ғалбели сӯрохиаш калон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё