Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Қадут зира, миёни қадут зира,

Ба танаи ту ҷомаи сабзу тира.

Маро ҳар гоҳ хаёли қадут гира,

Даруни сина оташ дарбигира.

Хоб карда будум таи чанори обӣ,

Бедор шудум шакарлаби мурғобӣ.

Мурғон ба ҳаво, худум ба ҳавзи дарё,

Модар ба ватан, духтар ғарибу танҳо.

Сарам дард мекунад, сандал биёред,

Табиб аз мулки Искандар биёред.

Табиб аз мулки Искандар чӣ бошад,

Кафан аз бухчаи дилбар биёред.

Оҳубараи кӯҳӣ будум, даштӣ шудум,

Дар боми буланд будум, дар пастӣ шудум.

Рафтум-рафтум пеши Худо узр кунум,

Зери лағати ду ҷура алмастӣ шудум.

Сад шукр, ки аз аҷал амонум додӣ,

Қайюмиву қудратат нишонум додӣ.

Шак нест ба қудратат, эй аҳли ҳудуд,

Куштӣ ту маро, дубора ҷонум додӣ.

Майли дили ман ҳеҷ дар ин дунё нест,

Ғайр аз ғами ёр дар дилам савдо нест.

Тире задаӣ рост миёни ҷигарум,

Хун мераваду ҷароҳаташ пайдо нест.

Андуҳу ғам аст дар диёрум, чӣ кунум?

Гар ашк ба ҳоли ӯ биборум, чӣ кунум?

Ҳар лаҳза зи ғам як хабаре мешунавум,

Гардида хазон ин баҳорум, чӣ кунум?

Гандумдаравон дос кашанд аз дилу ҷон,

Досҳо ҳама марвориду хӯша марҷон.

Эй бор Худо, маро бикун абр равон,

Ман соя занам бар сари гандумдаравон.

Чашмони сиёҳи масту мастонаи ту,

Ақлу ҳуши ман фитода дар хонаи ту.

Мардум ҳама ақлу ҳуши худ медонад,

Ақлу ҳуши ман мудом дар хонаи ту.

Аз ишқаки ту дард кунад дандонум,

Монанди таноби чарх саргардонум.

Ман пилта шавам миёни ангуштонут,

Шояд ба уноғи ту барояд ҷонум.

Ман булбули мастаму макон гум кардум,

Ман тири фарангаму камон гум кардум.

Ман гирди ҷаҳон ҳамин сабаб мегардум,

Ман ҷони азизи меҳрубон гум кардум.

Мо ҷуфти кабутарему аз хел ҷудо,

Порсол қатӣ будем, имсол ҷудо.

Порсол қатӣ будем, қатӣ мегаштем,

Имсол ҷудо гаштем ба тақдири Худо.

Дар қили чанор ду мори печон дидум,

Дар гардани ёр ақиқу марҷон дидум.

Даст андохтум ақиқу марҷон гирум,

Аз бахти бадум ёра парешон дидум.

Не сояи беду не чаман мемонад,

Не нози бутони симтан мемонад.

Ин олами фонӣ, ки ман мебинам,

Не нозу туву ниёзи ман мемонад.

пешина
аз 41
навбатӣ