Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

гумон надорем, балки манзилату сидқу сафои шуморо мешиносем. Пас агар, аз мо амале сар зада бошад, ки боиси гумону тардиди ишон шуда бошад, аз кӯтоҳии мост. Хоҳиш мекунам... барои мо дар чунин вазъе, ки дунё қарор дорад, ихтилофи дигаре наангезанд. Яъне Рофеъ дар Хуросон исён кардаасту худро амири Хуросон эълом доштааст, Саффориҳо дар ғарби кишвар алайҳи хилофат дар ҷанганд, ҳамин як ихтилоф бас аст. Ихтилофи дигаре наангезад, хоҳиш мекунам. Барои мо беш аз пеш ҳушёрӣ ва ягонагӣ зарур аст. Мо лашкари худро бояд ба сарҳадоти ҷанубу ғарбии кишвар пеш барем...

Амир Наср боз бар тахт мешинад ва ба Хоҷаи Бузург, ки то ба ҳол ба сари хам ғарқи андеша буд, муроҷиат мекунад:

  • Барои ин мақсад лашкари Самарқанду Истаравшан кифоят намекунад. Мо бояд лашкари фаровоне фарохам оварем. Ба Фарғона ба наздики бародарон амир Абулашъас нома нависед ва бо лашкари бисёр ба пойтахт бихондашон. Ва номаи дигар ба Чоч фиристед ва аз бародарамон амир Абуюсуф Яъқуб дархост намоед, ки бо лашкари худ ва Исфиҷоб биёянд. Дар иҷрои ин амр таъхир накунанд.

Симо-ал-Кабир: Ин эъломи ҷанг бо амир Исмоил аст, амирам?!

Амир Наср: Чӣ чора?! Бояд якпорчагии кишвар ҳифз шавад.

БУХОРО

Қасри амир Исмоил

Хуҷраи нисбатан калоне дар дохили қасри амир Исмоил. Амир Исмоил болои курсӣ назди оташдон нишаста бо оташгирак оловро рӯшан мекунад ва ба шӯълаҳои раққосаи оташ ва садои сӯхтани ҳезум хира мешавад. Ҳоҷиб вориди утоқ мегардад. Вале амир Исмоил ба омадани ӯ эътибор намедиҳад ва ҳамчунон нигоҳаш дар рақси шӯълаҳо роҳ бастааст.

Ҳоҷиб: Бузургон меоянд.

Амир Исмоил: Бигӯ, дароянд.

Аз курсӣ хеста ба назди панҷара меравад ва пардаҳои ҳаририро ба як тараф мекашад. Рӯшании сарду рангпаридае

пешина
аз 675
навбатӣ