Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Наср: Сидмо-ал-Кабир куҷост?
Абуюсуф: Субҳ ба қароргоҳи сарбозон рафта буданд ва то ҳол бар нагаштаанд. Ана худашон ҳам омаданд.
Сидмо-ал-Кабир меояд.
Амир Наср: Рӯҳияи сарбозон чӣ тавр аст?
Сидмо-ал-Кабир: Хуб аст, амирам. Вале хабарҳои нохуше аз ҷониби амир Исмоил мерасанд.
Амир Наср: Чӣ хабар?
Сидмо-ал-Кабир: Амир Исмоил бо Рофеъ бинни Ҳарсама ҷониби Самарқанд ҳаракат мекунанд.
Амир Наср: Чӣ, ҷониби Самарқанд?!
Абулашъас: Ӯ девона шудааст?
Амир Наср: Ӯ хеле ҳушёр аст, балки моро девона мекунад... (андуҳнок). Ба таъҷил бояд сӯйи Тавовис шуд. Бояд дар он ҷо сари роҳи ӯро гирифт. (Ба Абдуҷабор) Ба Суғди Самарқанд нома ба фарзанди мо Аҳмад бинни Наср нависед, то ғазиёни вилоятро барангезанд ва ба Тавовис биёваранд. Кош як бори дигар худованд он осии ёғиро бо ман рӯ ба рӯ мегардонд...
Ба роҳ!!!

БИЁБОН

Рӯйи дашт аз гулханҳои зиёде чароғон шудааст. Сарбозон гурӯҳ-гурӯҳ гирди гулханҳо ҳалқа зада бо ҳамдигар розу ниёз мегӯянд. Яке суруди ғамангезе паст-паст замзама мекунад ва дигаре аз ҷазбаи дарад менолад. Фақат чодари амир Исмоил равшан аст. Сарони лашкар ҳама хаз ба тан доранд.
Амир Исмоил бар тахти чӯбии хеш бо сари афганда нишастааст. Рофеъ аз хашм ҷойи нишастаашро намеёбад ва ба мисли ҳайвони захмӣ худро ба чор тараф мезанад. Дигар бузургони лашкар бар даҳон об гирифта нишастаанд.
Рофеъ: Гуруснагӣ, сармо ва беморӣ лашкарро ба ҷон расондааст. Деҳоти Бухоро барои устурон алуфа намедиҳанд. Нон садчандон гаронқимат шудааст. Сарбозон аз гуруснагӣ ҳалок мешаванд. Ҳеҷ нест, ки мо ба ҷое бирасем. Чуброни ин талафот хеле гарон меуфтад!
Муҳаммад бинни Ҳорун: Рӯҳияи сарбозон хеле ғамангезу

пешина
аз 675
навбатӣ