Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Мард: Ман фақат аз ҷониби амири Хуросон расолат дорам.

Амир Наср: Бисёр хуб. Ба амири Хуросон бирасонед, мо баъдан шарту шароити сулҳро барои эшон муайян ва муқаррар менамоем.

Мард баромада меравад. Амир Наср дар андешаи хеш фурӯ меравад ва беихтиёр суханони Рофеъ бинни Ҳарсамаро такрор мекунад: “Ман ба ҳарб наёмадаам, бар он омадаам то миёни шумо сулҳ кунам”.

Амир Наср: Аз ин суханҳо хушам меояд! (номаро ба Абдуҷаббор медиҳад). Озори хешованд аз зарбати шахси бегона дардноктар аст!

Худхоҳии як нафар тамоми кишварро ба зиллат кашидааст. Аз кишоварз то амири кишвар дар азоб мондаанд...

Абулҷъас: Абоиброҳим аслан чӣ мехоҳад?

Амир Наср: Магар мазлум нест?! Ӯ чизеро мехоҳад, ки агар ба ӯ диҳем, дигарон низ даъвогар хоҳанд шуд. Ӯ мустақилият мехоҳад! Ӯ мехоҳад, ки дар хутбаҳои намози ҷумъаи Бухоро номи ӯро зикр кунанд. Ӯ мехоҳад, ки хироҷи Бухороро напардозад. Ӯ мехоҳад, ки дар Бухоро ба номи худ сим занад! Ин хоҳишҳои наҳангворона аст, ки олами исломро ба ташвиш андохтааст. Мо баъзе аз ин озодиҳоро ба ӯ хоҳем дод, вале кӣ кафолат медиҳад, ки фардо ӯ даъвогари саросари Мовароуннаҳр нашавад?! Тамоми нигаронии ман аз ин нафси таскиннопазири ӯст.

Абдуҷаббор: Ба амир Исмоил он озодиеро додан лозим аст, ки Ӯро пойбанди ҳукумати марказӣ нигоҳ дорад.

Амир Наср: Яъне чӣ тавр?

Абдуҷаббор: Бигзор дар хутбаҳо номи ӯро зикр кунанд. Бигзор бо номи худ сим занад. Вале бояд хироҷи Бухороро бе каму кост бипардозад. Барои иҷро шудани ин шарти сулҳ Рофеъ бинни Ҳарсама бояд кафолат диҳад.

Амир Наср: Мо наметавонем тамоми ин маъмуриятро фақат ба худи ӯ диҳем. Амири хироҷро бояд худи мо таъин намоем, вай бояд одами мо бошад. Дар акси ҳол мо ба сулҳе, ки эшон пешниҳод мекунанд, розӣ нахоҳем шуд.

Абуюсуф Яъқуб: Магар ин эътирофи мустақилияти комили Або Иброҳим дар Бухоро нест?

Амир Наср: Ҳама масъала ҳамин аст. Мо бояд ӯро ҳамчун амири мустақили Бухоро эътироф намоем. Ва ин ташвишҳо инъ ба ҳамин хотир аст... (ба Абдуҷаббор) Ба ҳамин

пешина
аз 675
навбатӣ