Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

васила ҳадафҳо бароварда шаванд. Мо тасмим гирифтем, байни ду бародар оштӣ диҳем. Хун ба ноҳақ рехтан, кишварро ба харобӣ андохтан, занону кӯдаконро бепарастор гузоштан гуноҳ аст.

Амир Исмоил: Дӯстам, коҳ кунад ба пӯстам...

Амир Исмоил гӯё худ ба худ ҳарф мезанад ва Рофеъ онро ношунида мегирад.

Рофеъ: Бо ҳам ҷангидани ин ду бародар бемаъност. Амири Мовароуннаҳр бе ҷанг хостаи шуморо бароварда месозад ва ман гумон мекунам, барои чунин ҳадафе бо якдигар ҷангидан, лашкархоро ба ҷони якдигар андохтан бехуда аст.

Амир Исмоил: Яъне бе мо масъалаи мо ҳал шудааст.

Рофеъ: Амир Наср ҳукумати Бухороро ба шумо медиҳад. Шумо метавонед бо номи худ сим занед, дар намозҳои одина хутба ба номи шумо хонда шавад, вале Бухоро яке аз вилояти амир Наср ба шумор хоҳад рафт.

Амир Исмоил: Ҳамин?...

Рофеъ: Магар барои амири як вилоят ин кам аст?! Магар худ шумо чунин мустақилиятро намехостед? Шумо бе ҷанг ба он ноил мешавед!

Амир Исмоил: Магар ин мустақилият аст?!

Рофеъ: Дар давлатдорӣ ҳама гуна озодӣ, мустақилият, нисбӣ аст. Итоат аз як кишваре қавитар ногузир аст. Чӣ фарқ дорад, хироҷи Бухороро ба Самарқанд мепардозад ё бо Бағдод? Мо бояд мувафиқати хешро ба шарту шароити сулҳ ба амири Мовароуннаҳр муайян намоем.

Амир Исмоил: Пешниҳоди сулҳ аз ҷониби кист?

Рофеъ: Аз ҷониби мо.

Амир Исмоил: Оё амир Наср ба он мувофиқ аст?!

Рофеъ: Бале.

Амир Исмоил: Дар сурате, ки ман онро напазирам?

Рофеъ: Мо илож надорем. Мо тавонистем бе хунрезӣ, бе харобкорӣ ба ҳадафи худ расем. Ва намедонем, ин моҷаро бо ҷанг чӣ муддате анҷом меёфт? Ва ман дар кишвари худ амири Саффорӣ нигаронам. Мо бояд ризояти худро ба сулҳ диҳем ва ҳарчӣ зудтар аз нияти хеш амири Мовароуннаҳрро муталеъ созем.

Амир Исмоил: Яъне ман ихтиёри интихоб надорам?

Рофеъ: Не.

пешина
аз 675
навбатӣ