Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гурехтан натавонем.

Ҳусайни Аъло: Шояд ҳамин тавр бошад...

Амир Исмоил: Шумо ба ин тахминҳо бовар мекунед? Ва ё тарсу ҳарос аз лашкари бародарамон андешаатонро тира сохтааст. Ҳанӯз набард оғоз нашуда пойи сипаҳсолори мо меларзад. Хоҳиш мекунам, ин эҳсосоти хешро назди сарбозон буруз надиҳед.

Ҳусайни Аъло: Амирам ба ҷиддӣ мегӯянд ва ё маро масқара мекунанд?

Амир Исмоил: Ман аз гуфтори ишон натиҷа гирифтам. Кош фиреби назар бошад. (механдад)

КАРМИНА

Ҷодари амир Наср

Абулашъас (Вориди ҷодар мешавад): Амирам, аз Байканд пайк омад ва мегӯяд, ки лашкари амир Исҳоқ шикаст хӯрда ба Фароб қафо нишастааст.

Амир Наср: Хиёнат вуҷуди заъф дорад... Рафтори Симоал-Кабир боиси ситоиш аст. Бародари мо, ноиби мо ҳатто садоқати як ғуломи падарашро надорад.

Аҳмад бинни Наср: Магар дуруст аст, ки Симо-ал-Кабир барои сарпечиаш аз ҷанг бар зидди амирам ба зиндон андохта шудааст?

Амир Наср: Дуруст аст. Шарофатмандона ба сар бурдан дар зиндон беҳ аз хиёнаткорона мурдан дар майдон аст. Абуяъқуб Исҳоқ ба мо хиёнат кард, чӣ дид?!. Оре, хиёнат вуҷуди заъф дорад... Рӯҳияи лашкари Фарғона чӣ тавр аст? Фардо рафти ҷанг ба рӯҳияи ишон вобаста аст.

Абулашъас: Онҳо рӯҳияи ҷангиро доранд ва омадани фардоро бесаброна интизоранд, то садоқату матонати хешро нисбат ба амири Мовароуннаҳр намоиш диҳанд.

Амир Наср: Ҳушёриро набояд аз даст дод. Дар муқобили хасм бедор бояд буд. Посбонҳои бисёр гуморед... Худованд ёру мададгори мост, зеро мо бар ҳақ меҷангем...

пешина
аз 675
навбатӣ