Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
нахохам гузошт.
Онҳо бори дигар ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд ва амир Наср бо кӯмаки бародараш амир Исмоил бар асп мени-шинад ва ба роҳ меафтад. Амир Исмоил то дер гоҳ бо нигоҳ ӯро гусел мекунад. Амир Наср пешопеши хайли худ меравад ва аз назарҳо ғоиб мешавад. Он гоҳ амир Исмо-ил бар аспи хеш нишаста озими Бухоро мегардад.
Ин воқеа дар рӯзи сешанбе, понздаҳуми моҳи ҷамодиюло-ҳир, сол бар дувисту ҳафтоду панҷ рух дода буд.
САМАРҚАНД
Қасри шоҳӣ
Бузургони Самарқанд, деҳқонон, дарбориён дар толорҳо аз як пешомади ногаҳонӣ мутававишанд. Ин вазъи рӯҳии онҳо гӯё ба тамоми қаср сироят карда бошад, ки ҳама ҷоро як интизори ваҳшатзо фарогирифтааст. Андуҳу тарс дар чеҳраи ҳар кадоме ях баста, забонҳо аз гуфтор боз монда буд. Ходимону ғуломон бесадо дар равуо.
Амир Наср бистари беморӣ хуфта чашми ҳасрат ба сӯйи боғ духтааст. Дар атрофаш фарзандонаш, бародаронаш бо додарзодаву амакизодаҳояш хомӯш нишастаанд. Ҳар ка-доме дар банди хаёле, оҳарин ҳукми амир Варорудро ин-тизор аст: амир Наср бояд валиаҳди хешро эълом намояд ва зимоми давлатро ба дасти ӯ биспорад. Ҳама тасмими амири хешро ба тахмин медонанд, ки вай кист. Бино бар ин тахминҳое, ки дар худ иқрор кардаанд, гоҳ аз гоҳ ба сӯйи Аҳмад бинни Наср фарзанди бузурги бародари хеш менигаранд ва бо нигоҳи мармуз ӯро тасаллӣ медиҳанд. Амир Наср дар ҳамон ҳолате, ки чашм ба сӯи панҷара ба-стааст, хомӯшии мудҳишро мешиканад.
Амир Наср: Имрӯз кадом аст?
Абуюсуф Яъқуб: Ҷумъа, рӯзи бистусеввум аз рабеъуло-хир, сол бар дувисту ҳафтоду нӯҳ.
Амир Наср: Дар ин моҳ Ҳаҷҷоҷ хонаи Каъбаро бисӯзо-над... Ҳафт рӯз монда бар ҷамодиулаввал. Имрӯз нахус-тин рӯз аз даймоҳ аст. Рӯзи Хуррам. Ниёгон ин рӯзу ин моҳ-ҳардуро ба номи худои таоло, ки Хурмузд аст, но-мидаанд, яъне рӯзи подшоҳи ҳакиму соҳибраъйи офаридгор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё