Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

родариро маҳкам кардааст, масъалад, то ба воситаи ин риштаҳо дар як зиндагонии муштарак битавонед тамоми шароити дигар муддатеро ба ҷо оред: василаи таъмини ягонагии доимӣ дар ҳамин аст. Ҳар кӣ муракиби манофеи бародар бувад, барои худ кор кардааст, зеро барои кӣ ҷуз бародар азмати бародар боиси ном аст? Кӣ бародареро, ки дорои иқтидори бузург аст, беш аз бародар эҳтиром хоҳад кард? Пас, эй Абоиброҳим, бояд зудтар аз ҳар каси дигар ва самимонитар аз ҳама ба ӯ кӯмак кунӣ, зеро касе наметавонад дар иқболу идбори ӯ беш аз ту алоқаманд бошад. Дар ин хусус ҳам фикр кун. Пас аз некиҳои ту кӣ беш аз ӯ нисбат ба ту ҳақшинос хоҳад буд? Ва агар ту ӯро кӯмак кунӣ, ки нисбат ба ту аз ӯ мутаҳидтар хоҳад буд? Оё шармовартар аз ин чизе ҳаст, ки мо бародарро дӯст надорем?!. Эй Абоиброҳим, вақте ки ту шоҳ бошӣ бародарат ягона касе хоҳад буд, ки ҷои дуввумро ишғол хоҳад кард, бе ин ки дар касе ҳисси ҳасад бедор кунад. Эй азизон, ман шуморо ба Худо, ба ватан савганд медиҳам, ки агар мехоҳед рӯҳи маро аз худ хушнуд кунед бо ҳам дӯст бошед.

Ба эҳтироми рӯҳи ман он чизро, ки ман ба шумо тавсия мекунам ба ҷо оред. Худованд ҳофизи ин низоми собит ва тағйирнопазири олам аст ва ҷалолу азмати ӯ фавқи ҳар баёнест. Аз ӯ битарсед ва кору фикре макунед, ки бар хилофи такаддус ва адолат бошад. Пас аз Худо аз мардум ва наслҳои оянда битарсед. Ҳеҷ аъмол пинҳон нахоҳад монд. Агар аъмоли шумо поку мувофиқи адолат аст, нуфузу иқтидори шумо қувват хоҳад гирифт, вале агар дар ин хаёл бошед, ки ба якдигар зиён бирасонед, эътимоди мардумро комилан фоқид хоҳед шуд...

Дастурҳои ман кофист барои он, ки шумо бо ҳам чунон зиндагонӣ кунед, ки вазифаи шумост. Агар кофӣ небошад, ба таърихи гузаштаҳо муроҷиат кунед. Таърих мактабест олӣ. Дар он хоҳед дид падаронеро, ки писаронашон онҳоро дӯст медоштанд, бародаронеро, ки ба бародаронашон меҳру муҳаббат меварзиданд ва низ хоҳед дид касонеро, ки роҳҳои дигар ихтиёр кардаанд. Дар миёни инҳову онҳо касонеро сармашки худ қарор диҳед, ки роҳашонро хуб рафтаанд. Агар чунин кунед, оқилед. Билохира ин охирин ҳарфи маро фаромӯш макунед. Агар мехоҳед ба душманонатон зиён бирасонед, дар бораи дӯстон некӣ кунед... Дигар ман хаста шудаам. Маро ба ҳоли хеш бигзоред. Худо ҳофизи шумо бод!

пешина
аз 675
навбатӣ