Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Танкиш: Шумо аз он бепарво сухан мекунед, ки ишон ахамкавмони шумоянд ва бар шумоён гузашт мекунанд. Ман ба ин роҳ нахохам дод.
Уксуф: Пас чора чист?
Танкиш: Ман аз шумоён мепурсам, ки чора чист?
Марди бо салобати суғдӣ: Мо ду имкон дорем: яке чангидан ва дагаре сулх кардан. Аз баски мо қудрати дигар чангидан надорем, пас маҷбур ба пазируфтани сулх мешавем.
Танкиш: Онҳо ҳанӯз ба мо чизе пешниход накардаанд.
Марди сугдӣ: Голибон чизе пешниход намекунанд. Онҳо ҳама масъалаҳоро бо тезии тегашон ҳаллу фасл менамоянд. Аз мост, ки бояд шарту шароити сулҳро пешниҳод намоем. Вале мо медонем, шарту шароите, ки мо пешниҳод менамоем, бо кабули дини ишон хулоса мешавад. Мо барои кабули чунин сулҳи нанговар рози нестем.
Уксуф: Аз начотдихандаи кулли гунахкорон битарсед; боми калисо оташ гирифтааст, мардуми шахр онро бо як азми азим хомӯш мекунанд.
Марди сугдӣ: Пас чи фарк дорад, ки калисо месӯзад ва ё ба масчиде табдил мешавад?!
Танкиш: Ин мард он чунон сухан меронад, ки гӯё бо ишон хамзабон шуда бошад. Оре, хар кадоме аз шумоён дар дил итминон доред, ки ҳамкавмхоятон бар шумо гузашт хоҳанд намуд.
Марди сугдӣ: Мо низ дар катори қавми шумо ба асорату бардагӣ бурда шудаем. Ин далел бар дилпурии мо нест. Ва фардо хоҳед дид, ки сарлашкарони ишон аз ин диёр мебошанд, яъне он сугдиёни асиру ба гуломӣ ба қавми хеш бурда шуда, ҳастанд. Танкиш наметавонад моро дар ин хусус ба хиёнат айбдор намояд. Агар мо бо ишон аз як қавм ҳастем, вале дар дин душманем.
Танкиш: Динҳои шумо аз ҳам бегона нестанд. Исову Муҳаммад аз як кавманд. Вале масъала сари ин нест. Масъала сари бақои мост... Ман шуморо кафил мегирам.
Мади сугдӣ: Яъне гаравгон?!.
Танкиш: Ҳар чӣ мехохӣ бифаҳм. (ба Уксуфи аъзам) Дувист дехконро, ки акобири дигарон бошанд бо худ бигир... Мо ба мулокот меравем.
Марди суғдӣ: Пас Танкиш, хоқони турк ба таслим шудан гардан ниҳодааст?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё