Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
кашидаанд ва дар миёни эшон амир Исмоил бо аҳли рикобаш. Пешопеши рикоб амир Исмоил ва Абилҳафс, Фазли Марвазӣ паҳлӯи ҳам ва дигар бузургони Бухоро аз паси эшон ба дарвозаи рабази шаҳр мерасанд. Мардуми шаҳр, хурду калон, зану мард бар бомҳо баромадаанд ва амирро бо карнаю сурнай, нисор кардани симу зар пешвоз мегиранд.
Абилҳафс: Ин мавзеъ, ки имрӯз Бухоро аст, обгире будааст ва баъзе ҷойҳояш найистон ва дарахзору маргзор. Ва мардумон аз ҳар ҷониб ба ин ҷо омаданд ва шаҳрро бино гузоштанд. Қиссаи шоҳонаш хеле аҷибу тӯлонӣ аст ва дар мавридаш амирам аз он огоҳ хоҳанд шуд. Дар хусуси номи Бухоро ривоятҳо бисёранд. Яке Нимиҷкат. Албатта ин талаффузи аъроб аст. Ва аз номи рӯд гирифта шудааст. Дар парсӣ онро Номиккат мегӯянд. Ва дар ҷои дигар Бумискат гуфтаанд, шояд шакли вайроншудаи Нимиҷкат бошад. Ва дар байни аъроб бо номҳои Мадинат-ус-сафария, яъне шористони рӯин ва Мадинат-ут-туҷҷор - шаҳри бозаргонон.
Амир Исмоил: Аъроб расме доштанд, ки номи вилоятро бо номи шаҳри марказии он вилоят яке мекарданд. Ончунон, ки Суғдро. Бояд номи дурусти шаҳр Номиккат бошад.
Абилҳафс: Шояд. Вале имрӯз номи Бухоро маъруфтар аст. Дар Хуросон ҳеҷ шаҳре ба ин зиёдатии ном нест. Ҳатто дар ҳадисе номи Бухоро Фоҳира омадааст.
Аз Салмони Форсӣ разияллоҳу анҳу, ҳадисе ривоят мекунанд, ки гуфт: Расул, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуд, ки: Ҷабраил, салавотуллоҳ алайҳи, гуфт: Ба замини машриқ буқъаест, ки онро Хуросон гӯянд. Се шаҳр аз Хуросон рӯзи қиёмат ороста биёранд ба ёқути сурху марҷон ва нуре аз ишон мебарорад ва гирд бар гирди ин шаҳрҳо фариштагони бисёр бошанд: тасбеҳу таҳмиду такбир меоранд. Ин шаҳрҳоро ба арасот оранд ба иззу ноз чун арӯсе, ки ба хонаи шӯяш баранд. Ва ҳар шаҳреро аз ин шаҳрҳо ҳафтод ҳазор алам бувад ва дар зери ҳар аламе ҳафтод ҳазор шаҳид бувад ва ба шафоати ҳар шаҳиде ҳафтод ҳазор мувахҳиди порсигӯй наҷот ёбанд. Ва ба ҳар тарафе аз ин шаҳрҳо аз росту аз чап, аз пешу пас даҳрӯза роҳ бувад, ки ҳама шаҳид бошанд.
Амир Исмоил: Оре, дар ин сарзамин басо хунҳо рехтааст. Аз турку тозӣ басо ҷафоҳо дидааст, борҳо хароб шудааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё