Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шеру паланганд... Ва ё сайёди ба дилу гурдае дар вилояти шумо намондааст?!

Аҳмад ибни Наср: Ман худам онро пурра мекунам.

Амир Исмоил: Барои ҳамин ҳам мо аз муҳимтарин вилояти хеш Самарқандро ба шумо бовар кардем...

Аҳмад ибни Наср аз ҷой хеста таъзим мекунад ва амир Исмоил суханонашро давом медиҳад.

— Умедворам дӯстони мо саломатанд? Пири китобдор чӣ ҳол дорад?

Аҳмад ибни Наср: Худоро шукр, туфайли марҳамату лутфи шоҳам давлати пирӣ мегузаронанд. Вале як сол шуд, ки китобдори пир ҷаҳонро видоъ гуфт.

Амир Исмоил (даст ба рӯй кашида): Хабар наёфтаам, бисёр мехостам дар маъракаи дафнаш ҳузур дошта бошам. Ӯ аз ман таманно карда буд. Чӣ инсоне шарифу вораста буд. — Ашкашро пок мекунад. — Ҳар он хубие, ки дар ман вуҷуд дорад, аз ӯ гирифтаам. Бардошти ман аз инсон ҳаммонанди Ӯ будан аст. Худо ҷояшро биҳишт гардонад. — Дубора дасти дуо ба рӯй мекашад. — Хазинаи китобхона хеле ғанӣ буд. Ҳар гуна китобро ёфтан мешуд. Умедворам ин хазинаи маърифат хароб нашудааст. Зеро мардуми мо аз шинохти худо бардошти ғалату мутаасибона доранд.

Аҳмад ибни Наср: Пирамардро аз рӯйи васияти худаш дафн намуданд. Ва имрӯз китобхона дар дасти фарзанди аршадаш қарор дорад. Ӯ низ марде фозилу поксиришт аст.

Амир Исмоил: Мардонии фозилу донишманди ростин аз мобакӣ бо як фазилати худ фарқ мекунанд. Онҳо таАССУб надоранд. Ва беш аз ҳама мавриди рашку ҳасад ва душманӣ қарор мегиранд. Онҳо беш аз ҳама ниёз ба ҳимоят шудан доранд. Вазифаи давлат аст, ки аз онҳо пуштибонӣ кунад, ба меҳнати ишон аҷр гузорад. Ва дар маърази ибрати дигарон қарор диҳад. Ин гуна давлат растагор мешавад ва раоёи хешро ба сӯйи растагорӣ ва рифоҳи моддӣ мебарад. Абулфазлу Муҳамад шоҳид, ҳанӯз дар Самарқанд мо дар ин хусус баҳсҳо мекардем. Ва орзуи мо таҷдид кардани азамату озодӣ ва истиқлоли ин сарзамини паҳновар буд, ки бо номи ягонаи Эрон бар тоҷи таърих медурахшид... - Чанд лаҳза хомӯш мемонад ва оҳе сард мекашад.- Ба мобакӣ фақат муросо мебояд кард. Зеро онҳо бо таАССУби худ, бо дониши нокомили худ зиндагиро ба майдони хунрезиҳо, вайрониҳо, душманиҳо мекашонанд. Барои

пешина
аз 675
навбатӣ