Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дорулкуфрга чандон футуҳ кард, ки ин накард. Бидоред, то нигоҳ кунем.

Амри Лайсро ба зиндон бурданд. Ба зиндоне, ки Ғурак писари Ковус дар он ҷой аз гуруснагиву ташнагӣ мурда буд. Ва Мансурро он ҷой асир нигаҳ хоҳанд дошт. Вале Мӯътазид аз шуғли ӯ фориг нашуд. Аз андешаи кори ӯ бемор гашт.

Амри Лайс дар зиндон ҳам ба касе ҳарфе назад. Ҳар рӯз Бадр барои кохондани ҷони ӯ ба зиндон меомад ва аз иҳонат гуфтан дар ҳаққи Амри Лайс хаста шуда, боз ба қаср бармегашт. Амри Лайс ӯро ҳам бемор карда буд. Ӯ мехост бар иззати нафсаш бирасад, ӯро шикаста созад, вале ҳама кӯшишаш беҳуда буд, балки баръакс худаш шикаставу ноумед мегардид. Халифаи беморро ҳам ҳар рӯз ба куштанаш ташвиқ мекард: “Зинда мондани ӯ дарди сарҳое ба бор хоҳад овард!”

Дигар он “дарди сарҳо” новобаста аз Амри Лайс пайдо мешуданд.

Муҳаммади Ҳорун дар Табаристон алами сафед афрошта, дар Рай Укартамиш-намояндаи халифаро бо ду писараш бо қабеҳтарин уқубат бикушт ва Райро аз таҳти тасаллути Бағдод берун гирифта ба Табаристон пайваст. Душманонаш дар шимолу шарқи хилофат рӯз ба рӯз пурзӯр мешуданд.

Тоҳир бинни Муҳаммад ба тасарруфи Форс меомад, то шаъну шавкати аҷдодашро дубора баргардонад.

Дигар касе сухани Мӯътазид биллоҳоро нафаҳмид. Забонаш мегирифт. Ба лакнат сухан мегуфт. Ва ҳангоме ки аз ин нотавонияш асарӣ мешуд, забонаш билкул мегирифт. Соатҳо лозим меомад, ки ором биёбад ва қудрати такаллум пайдо кунад. Дигар зиндагии Мӯътазид ба кобус табдил шуда буд. Гӯё ин кобуси ваҳшатзои зиндагияш поён надошт. Дарёи гилолуд ӯро фурӯ мебурд. Ӯ оби гилолуди ғализро фурӯ мебурд. Нафасаш мегирифт. Ба талвоса дасту по задан мехост, фақат мехост, ки дасту по бизанад ва худро ба соҳил бирасонад. Вале афсӯс, оби ғализи дарё ба ӯ имконе намедод. Ӯро дар худ фурӯ мебурд. Яъсаш амиқтар мерафт. Ва ҳамин лаҳзаҳо буд, ки марди саворе дар соҳил падидо меомад. Бидуни он ки тар шавад аз дарё мегузашт, ба шаҳри ҷовидонаи кобусҳо ворид мегардид. Нигоҳи ҳасратбори Мӯътазид ба дунболаш мерафт. Ва дар

пешина
аз 675
навбатӣ