Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

шаҳр ҳадду канор надорад. Онҳо бар сари шоҳи худ парвоза меҷошанд, танга мерезанд. Шиор мепартоянд: “Зиҳӣ шоҳи одил! Зиҳӣ Баҳроми мо! То рӯзи хурдод ҳамчунин бодо!”. Шиордиҳӣ ба сурудхонӣ мегузарад. Мардуми шаҳр бо як овоз мехонанд.

Кай бувад ки ояд,
Пайк аз Ҳиндустон.
Ки омад он шаҳ Баҳром,
Аз дӯдаи Кайён,
Ки пил аст ҳазор,
Бар сар аст пилбон.
Ки ороста дирафш дорад,
Ба оини хусравон...

Ва ин замзамаи ҳамсарой шаҳрро гӯё ба осмон мебардошт. Амир Исмоил аввалин бор буд, ки хешро чунин боланда меёфт. Гӯё ӯ ҳамроҳи ин шаҳр ба сӯйи осмонҳо уруҷ мекард: сабук, озод, фараҳманд, шодмона чун ба рӯзи Наврӯз! Худоё, худовандо дарвозаҳои осмон боз мешаванд! Ин суруд дар фаросӯи осмонҳо садо медиҳад. Ё ин суруди ҷовидона чист, ки аз он сӯи осмонҳо ба лаҳни қудсӣ садо медиҳад! Онро фариштагон нишаста бар боли бодҳо тараннум мекунанд. Чун қумриёни нағмапардоз бар шоҳсорон!..

Эй кош ин лаҳзаҳо поён надоштӣ! Дунё ба ваҷд омада буд. Амир Исмоил гӯё бар ҳарири абрҳо гом мезад. Овози карнайу суранӣ аз токҳо садо медод. Нағмаи қудсӣ! Суруди осмонӣ! Дарвозаҳои биҳишт аз хилоли абрҳо бо ин садоҳо боз мешаванд. Эй кош ин лаҳзаҳо бебозгашт будандӣ!...

Амир Исмоил то субҳи рӯзи дигар бад-ин аҳвол буд, аз худ бехуд буд, маст аз шодиҳо дар рӯъё буд. Ба сайри шаҳр ҳам, ки аз рӯйи одати ҳамешагии худ баромада буд, ҳамин рӯҳияи боландро дошт. Ва бо дидани манзараи нохуше ба воқеяти зиндагӣ баргашт. Айшаш мунағас гардид:
Шутури масте миёни киштзори хуррам мастона мечарид.

Амир Исмоил: Бифаҳмед, ин шутури кист, ки киштзорашро хароб мекунад.

Чанд сарбоз пайи амр рафтанд. Шутур аз ишон рамид, дигар бедод мекард. Шутури маҳоргусихта бар рони хеш доғи амири Хуросонро дошт.

Амир Исмоил (ба сарбозе): Биштоб, сорбонро изҳор кун!

пешина
аз 675
навбатӣ