Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Марздориву тоҷгузориву тоҷдорӣ кори мо будааст. Аз Ашки аввал то ба Яздигурди охир!
Аҳли маҷлис аз ин ахбор ба шигифт меафтанд, такон мехӯранд, бедор мешаванд, ба риққат меоянд. Лаҳзаҳо мегузаранд, вале ҳеҷ кас тавони ҳарф заданро дар хеш намеёбад. Фақат ашки шодӣ баёнгари ҳоли ишон буду бас! Онҳо ҳамдигарро аз сари меҳр, бидуни буруз додани эҳсосот, лолу гунг ба оғӯш мекашиданд, ашки ҳасрат мерехтанд: Худоё, худованд, магар ин кор мумкин аст?!! Оё мумкин аст!?? Ин нидои машкуке буд, ки аз ниҳонхонаи ҳар андешае, ҳар диле буруз мекард. Бовар кардани нест, ки пас аз садсолаҳо хонадонҳои масъули ин сарзамин, пас аз мунфарику пароканда шудан, пас аз афтоданашон аз авранг боз ба ҳам ҷамъ оянд! Эй додори додгар, доно ба ҳар роз туй!
— Фурсати он аст, ки раҳгумзадагон ба асли хеш баргарданд.
Амир Исмоил пай бурд, ки аз сухани ӯ бардошти дугона мекунанд, тавзеҳ дод:
— Хоҳиш мекунам, сухани маро дуруст фаҳмед. Он ба шахсиятҳои алоҳида аз баъзе хонадонҳо тааллуқ дорад.
Дар воқеъ амир Исмоил бовияҳоро дар назар дошт, ки ба Носири Кабир байъат карда буданд ва ҳукумати ӯро дар Дайламу Гелон пуштибонӣ менамуданд. Дар иттиҳоди Муҳаммади Зайд ва Рофеъ ибни Ҳарсама бар зидди Амри Лайс Муҳаммад ибни Ваҳсудон ва Алӣ ибни Сурхоб (Сухро) бо алавиён буданд ва имрӯз фарзандони ишон бо Носири Кабиру Муҳаммади Ҳорун муттафиқ гаштаанд. Дар фарҷом амир Исмоил Исфахбад Шаҳриёр писари Фодусиён, Шарвин писари Рустам писари Корун ва бародарзодааш Апарвезро ҳилъатҳои шоҳона пӯшонд. Ва фардо дар шаҳрҳои Табаристону Гургон мунодӣ карданд, ки Амир Исмоил омадааст то ҳақро ба ҳақдораш бирасонад...
— Ман умедворам, — ба испаҳбадон муроҷиат намуд амир Исмоил, — дар ин кор ба ман кӯмаки хешро дареғ намедоред. Мо тасмим гирифтаем, ки аз дасти содот, ки ба тагаллуб амлоки қадимаи аҳли Табаристонро ситондаанд, боз ба соҳибони аслиаш баргардонем.
Шарвин: Содот ошӯб хоҳанд кард.
Амир Исмоил: Мо дар ин ҷо ҳукми адлро мебарорем,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо